Боздошти як устоди донишгоҳ ба занни ришваситонӣ дар Хатлон
Бахши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Хатлон устоди донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппаро ба занни ришваситонӣ боздошт кардааст.
Манбаъи ожонси мубориза бо фасод ба хотири мухтал нашудани фароянди таҳқиқ аз додани иттилоъи бештар худдорӣ кард ва гуфт, ки баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ ному насаби ин устод бо тафсилоти бештаре эълом мешавад.
Аммо як донишҷӯ аз Донишгоҳи Қурғонтеппа ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин устоди факултаи забон ва адабиёт будааст, ки аз фанни таърих ба донишҷӯён дарс медодааст.
Ба гуфтаи ин донишҷӯ, ки нахост номаш зикр шавад, ин устод бо гирифтани 400 дулор ришва аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасод боздошт шудааст.
Дар моҳи гузашта як масъули Донишкадаи бозомӯзии кормандони бахши маъориф дар минтақаи Қурғонтеппа ба занни ришваситонӣ бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт шуда буд.
Масъулони Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди боздошти ин устоди донишгоҳ хабар надоданд, аммо гуфтанд, ки дар ин донишгоҳ дар миёни устодон ба хотири пешгирӣ аз ришваситонӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ночиз будани маъоши устодону омӯзгорон дар муассисаҳои омӯзишу парваришро аз авомили густариши фасод ва ришваситонӣ арзёбӣ мекунанд.
