Додгоҳе дар Қурғонтеппа як омӯзгорро дар забти ғайримуҷози замин муҷрим донист

Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа як омӯзгори мактаби ҳамагонӣ дар вилояти Хатлонро барои "забти ғайриқонунии замин" ба пардохти чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима водор кардааст.
Ин муҷозот ба Рафоъат Набишоева, омӯзгори мактаби шаҳри Қурғонтеппа тибқи моддаи 338 қонуни кайфарии Тоҷикистон таъйин шуд.
Додситони шаҳри Қурғонтеппа мегӯяд, ки хонуми Набишоева ба сурати ғайриқонунӣ дар қитъаи замини мутаъаллиқ ба ширкати кишоварзии “Гулистон”-и шаҳри Қурғонтеппа манзил бунёд кардааст.
Дар шашмоҳи соли ҷорӣ додситонии шаҳри Қурғонтеппа ду мавриди ишғоли ғайриқонунии замин аз сӯйи сокинони ин шаҳрро ошкор кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз омӯзгорони макотиби ҳамагонӣ дар вилояти Хатлон аз надоштани манзил ва мушкилоти ношӣ аз он ранҷ мебаранд.
Коршиносон мегӯянд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даҳҳо омӯзгор ба хотири надоштани хона, ё утоқ иҷора мегиранд ва бархеҳо ҳатто дар синфхонаҳои мактабҳо шабро рӯз мекунанд.
Ҳарчанд масъулони бахши маъориф дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба омӯзгорони ниёзманд замин барои бунёди манозили маскунӣ ихтисос додаанд, мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки беш аз ҳазор аризаи омӯзгорон дар бораи ниёзмандиашон ба манозилро дар даст доранд, ки дархости қитъаи замин аз кумитаҳои заминсозӣ барои сохтани манзил мекунанд.
