Таъсири манфии душвориҳои иқтисодӣ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар минтақа
Иддае аз омӯзгорон ва волидон дар ноҳияи Сухи Узбакистон аз вуҷуди фишорҳо барои таҳсили фарзандони сокинони тоҷиктабори ин ноҳия ба забони узбакӣ шикоят кардаанд.
Ба гуфтаи омӯзгорони мактабҳои ҳамагонии ин ноҳия дар ду соли ахир мсъулони бахши омӯзишу парвариши ноҳия дар чанд мактаби тоҷикӣ дар ин минтақа синфҳои таҳсил ба забони узбакиро боз кардаанд.
Тавре, ки Абдуҳошим Ҷалолов, омӯзгори яке аз 26 мактаби тоҷикӣ дар ноҳияи Сух дар як сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ мегӯяд, масъулони бахши маъорифи ин ноҳия, омӯзгорони тоҷиктаборро водор ба тадриси кудакон ба забони узбакӣ дар ин клосҳо кардаанд.
“Забони муъошират дар хонавода тоҷикист”
Воҳид Ақрабов, масъули бахши маъорифи ноҳияи Сухи вилояти Фарғона аз ироаи шарҳе дар муқобили ин иддаъо худдорӣ кард.
Бо ин вуҷуд сокинони ин ноҳия, ки умдатан тоҷиктаборанд алоқаманданд, ки кӯдакони онҳо ба забони модарӣ дарс бихонанд, зеро забони аслии муъоширати онҳо дар хонавода ва миёни аксари сокинони ноҳия тоҷикӣ-форсӣ буда ва иваз кардани ин забон барои кӯдакон дар мактаб мушкил аст.
Ин дар ҳолест, ки ноҳияи Сухи вилояти Фарғона беш аз 80 ҳазор ҷамъият дорад, ки ҳудуди 98 дарсади онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Аммо Абдуҳошим Ҷалолов, омӯзгори мактаби шумораи яки ноҳияи Сух мегӯяд: “Ҳамаи тоҷикони ин ноҳия алоқаманди онанд, ки кӯдакони онҳо ба забони модарӣ таҳсил кунанд. Аммо ин соли дуюум аст, ки дар бархе аз мактабҳои тоҷикӣ клосҳои узбакӣ таъсис шуда ва дар онҳо умдатан кӯдакони тоҷик бо дарсҳои узбакӣ фаро гирифта шудаанд.”
Оқои Ҷалолов ибрози нигаронӣ кард, ки ин вазъ метавонад, мунҷар ба аз миён рафтани забони тоҷикӣ дар ин минтақаи тоҷикнишини Узбакистон гардад.
Раҳматҷон Ассомиддинов, яке дигар аз сокинони тоҷиктабори ин кишвари ҳамсоя мегӯяд, дар ноҳияи Сух 26 мактаби ҳамагонӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ фаъъол аст, ва дар ҳар яке аз онҳо аз 600 то 1000 шогирд таҳсил мекунанд.
Оқои Ассомиддинов меафзояд: “Масъулони бахши маъорифи ноҳия бо истифода аз он ки аксаран мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд бештар модаронро водор мекунанд, ки ариза нависанд, ва “довталабона" фарзандонашонро ба синфҳои узбакӣ бидиҳанд.
Ба гуфта ин ду омӯзгор шогирдони мактабҳои тоҷикзабон дар Узбакистон метавонанд, дар донишгоҳи шаҳри Самарқанд дар бахши забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ идомаи таҳсил кунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи иддае аз сокинони тоҷиктабори ноҳияи Сух фарзандони онҳо баъд аз фориғ шудан аз мактаби ҳамагонӣ метавонанд дар донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон низ таҳсил кунанд.
Ҳарчанд гуфта мешавад тоҷиктаборони Ӯзбакистон метавонанд танҳо барои дарёфти ихтисоси омӯзгор дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил кунанд.
Омӯзгорони ноҳияи Сух инро чунин шарҳ додаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои мухталифи дохилӣ дар ду кишвари ҳамарзи Тоҷикистону Узбакистон, Тошканд фақат гувоҳиномаҳои таҳсилоти олӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро эътироф мекунад.
“Маҳдудият барои таҳсили тоҷиктаборон нест”
Аммо масъулони вазорати маъорифи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ маҳдудият барои пазироии довталабон дар донишгоҳҳои олии ин кившар, аз миёни сокинони тоҷиктабори кишварҳои ҳаммарз иттихоз нашудааст.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯйи вазорати маъорифи Тоҷикистон дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки маҳдудият дар қиболи тоҷикони Узбакистон вуҷуд надорад, афзун бар ин ба гуфтаи вай омори расмӣ ҳокист, ки дар солҳои таҳсили 2011 то 2012 ҳудуди 260 донишҷӯйи донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷавонони тоҷики узбакистонӣ будаанд.
Оқои Шоев афзуд: “Шумори бештари ҷавонони тоҷиктабори Узбакистон дар донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд. Аммо бархе аз онҳо дар донишгоҳҳои дигар, аз ҷумла кишоварзӣ, тибб ва фаннии Тоҷикистон низ машғули таҳсил ҳастанд.”
Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи Вазорати маъорифи Тоҷикистон ахиран шумори қобили мулоҳизаи сокинони узбактабори Тоҷикистон низ дар ду соли ахир кӯдакони худро барои таҳсил ба синфҳои тоҷикӣ дар макотиби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон бурданд.
Масъулони ин вазорат гуфтанд, таҳқиқоте ҳоки шуд, ки бисёре аз модару падарони ин кӯдакон изҳор доштаанд, ки ба хотири осон будани идомаи таҳсили фарзандонашон дар донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон, мактабҳои тоҷикиро интихоб мекунанд.
Баъид нест ки бархе аз волидон, аз ҷумлаи сокинони тоҷиктабор дар Узбакистон низ бо ин мулоҳизот фарзандонашонро ба синфҳои узбакӣ бифиристанд.
Иқтисод ва забон
Бо ин ҳама бархе аз соҳибназарон ба ин боваранд, ки мушкилоти иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон боис шуда, ки сокинони ду кишвар камтар дар бораи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тафаккур мекунанд.
Азим Байзоев, коршинос дар умури забонҳо дар Тоҷикистон мегӯяд: “Дар замони истиқлол кишварҳои минтақа забонҳои давлатии худро дар коргузории давлатӣ роиҷ карданд ва қонунгузории ин давлатҳо ҳар як кормандро дар кадом вазифае ки ӯ набошад, муваззаф ба донистани забони давлатӣ кардааст.”
Оқои Байзоев мегӯяд, ки аз ҷараёни ин равнад намешавад ҷилавгирӣ кард ва пок нигаҳ доштани забонҳои ғайридвлатӣ дар ин кишварҳо ба ҷомеъаи маданӣ ва намояндагони ақалиятҳои забонӣ бастагӣ доштааст.
Аммо оқои Байзоев мегӯяд: "Дар ҳар сурат вақте ба иқтисодии ин кишварҳо назар меандозем, дарк мекунем, ки барои волидон муҳимтар аст, фарзандаш дар оянда дар ин кишвараш соҳиби кору мансаб ва ё ба истилоҳ “карера” шавад.”
Ӯ мегӯяд, бархе аз волидон бо ин мулоҳизот мехоҳанд кӯдаконашон ба ҳамон забон савод омӯзад, ки дар кишвар роиҷ аст.
