Оқилов: "Тоҷикистон ба зарари кишварҳои поёноб амал намекунад"

Нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар ба ҳангоми истифода аз захоири об дар қаламрави хеш ҳеҷ гоҳ бар зарари кишварҳо поёноб амал намекунад.
Оқил Оқилов гуфт, ки ба ин нукта раиси ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар суханрониҳои худ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ таъкид карда ва ӯ кишварҳои минтақаро бори дигар ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯ дар заминаи истифода аз захоири об даъват кард.
Оқои Оқилов, ки дар нишасти матбeъотии рӯзи чаҳоршанбеи 21 август аз натиҷаи кори Ҳамоиши байналмилали ҳамкорӣ барои об дар Тоҷикистон гузориш медод, ҳамчунин гуфт, ки ин нишаст беш аз як ҳазор нафар ширкаткунандаро аз 40 кишвари ҷаҳон гирдиҳам овард.
Оқои Оқилов зимни посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки ин ҳамоиш чи нақшеро дар ҳалли муноқишаҳо барои тавзеъи захоири об миёни кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод, гуфт, ки баргузории ҳамоиши ду рӯзаи об дар Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки захоири об ҳамчунон аз масоили қобили таваҷҷуҳи зиндагӣ ва мавзӯъи мавриди баҳс дар минтақа хоҳад буд ва Тоҷикистон кишварҳоро барои ҳалли ин мавзӯъ ба гуфтугӯ ва ҳамкорӣ даъват мекунад.
Вай афзуд: "Шумо медонед, ки мо захоири зиёди обро дар ихтиёр дорем ва ҳамчунин ба шумо маълум аст ки Тоҷикистон ҳамеша, ҳадди ақал то имрӯз наметавонад фаъъолияти корхонаҳои санъатӣ, муассисаҳои дигар ва арсаи иҷтимоъиро тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин кунад. Ҳамчунин ба сабаби камбуди нерӯи барқ Тоҷикистон наметавонад ба таври шабонарӯзӣ дар фасли сармо шумори зиёде аз сокинонашро бо ин нерӯ таъмин кунад."
Ишораи нахуствазири Тоҷикистон ба мавзуъи истифода аз захоири об барои тавлиди нерӯи барқ аз роҳи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ буд, ки кишвари ҳамсояи Узбакистон бо ин мавзуъ мухолифат кардааст ва гуфтааст бунёди нерӯгоҳҳо хатароти муҳитзистӣ барои тамоми кишварҳои минтақа хоҳанд дошт.
Оқои Оқилов ҳамчунин гуфт, ки Ҳамоиши байналмилали ҳамкорӣ барои об дар Тоҷикистон, ки рӯзи 20 август оғоз шуд, имрӯз бо баргузории нишасти матбуъотии кутоҳ ба пойн расид.
Дар ин нишаст ҳамчунин намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Ҷаҳонии Об суханронӣ карда ва нақши ҳамоиши Душанберо дар гирдиҳам омадани кишварҳо барои ҳамкорӣ дар арсаи об муҳимм хонданд.
Бо ин вуҷуд дар чанд соли ахир миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар замина истифода аз захоири об баҳсу ихтилофоти шадиде идома дорад.
Ба вижа баъд аз эъломи тарҳи сохтмони нирӯгоҳи обии "Роғун" аз сӯйи Тоҷикистон мақомоти узбак дар нишастҳои мухталифи байналмилалӣ гуфтаанд, ки Узбакистон бар ин назар аст, ки сохтмони нирӯгоҳҳои бузург дар қаламрави Тоҷикистон хатар дорад, зеро ин нирӯгоҳҳо дар минтақаи заминларзаи 9-дараҷаӣ сохта мешаванд.
Онҳо ҳамчунин таъкид кардаанд, ки агар нирӯгоҳи бузурги "Роғун" дар натиҷаи заминларза хароб шавад, ин ҳодиса метавонад як қисми Узбакистонро зери об монад.
Ҳамчунин ба ақидаи ҷониби Узбакистон ҷамъоварии об дар садди обанбори нерӯгоҳи “Роғун” мунҷар ба норасоии об барои шумори зиёде аз сокинони кишварҳои поёноб хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон, ки зоҳиран ҳадафашон аз баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ ҷалби ҳимоят барои бунёди нерӯгоҳҳо буда, ҳамвора нигарониҳои давлати Узбакистонро дар бораи таҳдидҳои эҳтимолии нерӯгоҳҳои обӣ ба муҳити зист ва иқтисоди минтақа рад кардаанд ва дар ин ҳамоиш ҳам бори дигар итминон додаанд, ки аҳдофи онҳо барои бунёди нерӯгоҳҳо бо аҳдофи кишварҳои минтақа ҳамхонӣ дорад.
