Ширкати Узбакистон дар ҳамоиши оби Душанбе 'маълум нест'

  • 9 Август, 2013
об
Image caption Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари масоили об ихтилофоте ҷиддӣ доранд

Давлати ҳамсояи Узбакистон барои ширкат дар кунфронси ҳамкорӣ барои об, ки 20 ва 21 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳанӯз ибрози омодагӣ накардааст.

Дар ин бора Хусрав Нозирӣ, сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 9 август дар як ҳамоиши матбӯъотӣ хабар дод. Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба омодагӣ ба кунфронси байнлмилалии об баррасӣ шуд.

Оқои Нозирӣ аз ҷумла гуфт, ки кунфронси масоили об дар сатҳи олӣ баргузор мешавад ва то ҳол 52 кишвар ширкати худро дар ин кунфронс таъйид кардаанд. Аз ҷумла беш аз 800 намоянда аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ худро сабти ном кардаанд.

Беш аз 19 мақоми раҳбарии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муъовини дабири кулли СММ дар умури иқтисодию иҷтимоъӣ, Ву Ҳунгбу, Свен Олколой, дабири иҷроии Кумисиюни иқтисодии СММ барои Урупо ва Ирина Бокова, мудири кулли Созмони Илмӣ, Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи ширкаткунандагон хоҳанд буд.

Қарор аст раҳбарони давлат ё нахуствазирони чанде аз кишварҳои осиёӣ ва офриқоӣ, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Тойланд, Кувайт, Музомбик ва Буркинофосу ва вазирони беш аз 20 кишвари дигар дар кунфронси оби Душанбе ширкат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки намояндагони Эрон низ дар ин кунфронс дар сатҳи боло ширкат кунанд. Ба гуфтаи онҳо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон, ҳоло машғули ташкили кобинеи давлат аст ва ҳайъати эронӣ пас аз анҷоми ин умур мушаххас хоҳад шуд.

Аммо то кунун маълум нест, ки намояндагони расмии кишвари ҳамсояи Узбакистон, ки бар сари масоили об бо Тоҷикистон ихтилофоти ҷиддие дорад, дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард ё на, ҳарчанд интизор меравад коршиносони мустақил ширкат кунанд.

Оқои Нозирӣ дар ин бора гуфт: "Мо аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои ширкат дар кунфронси ҳамкорӣ барои об, ки дар сатҳи олӣ баргузор мешавад, даъват кардем. Аммо то кунун ҳеч иттилоъе дар бораи ширкат кардан ё накардани кишвари мазкур (Узбакистон) надорем. Кишварҳои дигари минтақа ҳамагӣ дар сатҳи олӣ дар ин кунфронс ширкат хоҳанд кард."

Ин дар ҳолест, ки "мусоъидат ба беҳбуди ҳамкорӣ дар заминаи об, аз ҷумла ҳамкории фаромарзӣ, аз тариқи таблиғи таҷрубаҳои беҳтарин, мушорикати ҳамаи тарафҳои зинафъ ва ташвиқ ба ҳамкорӣ дар заминаи об" ҳадафи аслии кунфронси байналмилалии об дар Душанбе эълом шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Тоҷикистон мехоҳад аз тариқи баргузории ин кунфронс паёми ҳамкорӣ дар заминаи истифодаи муштарак аз захоири оби минтақаро ба ҳамсоягонаш, бахусус Узбакистон, илқо ва ҳимояти ҷомеъаи байналмилалиро барои иҷрои тарҳҳои обу энержии худ касб кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки кишвари ҳамсояи Узбакистон, масрафкунандаи аслии захоири оби минтақа ва соҳиби мазореъи густардаи панба, чандон эътиное ба ин талошҳо надорад, ҳарчанд бештарин захоири оби минтақа аз қаламрави Тоҷикистон фароҳам мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки кунфронси оби Душанбе имкон хоҳад дод, ки раванди иҷрои Аҳдофи Тавсеъаи Ҳазора (2005-2015) дар мавриди захоири обӣ ва тавсияву пешниҳодҳо барои таҳияи Аҳдофи Тавсеъаи Пойдор барои давраи пас аз 2015 баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи Султон Раҳимов, муъовини аввали вазири обу обёрии Тоҷикистон, ин кунфронс аз ду ҷаласаи умумии сатҳи боло ва чаҳор мизи гирд дар бораи мавзӯъоти аслӣ ва ҷаласоте дар бораи масоили дигар иборат хоҳад буд.

Вай гуфт, ки дар чорчӯби ин кунфронс суханронҳо перомуни чаҳор мавзӯъи меҳварӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаи об барои тавсеъаи инсонӣ, ҳамкорӣ дар заминаи об барои манофеъи иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар заминаи об барои ҳифзи муҳити зист, ҳамкорӣ дар заминаи об "барои ояндае, ки мехоҳем" суханронӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Раҳимов, мавзӯъоти марбут ба об ва масоили ҷинсиятӣ, об ва эҷоди зарфиятҳо, ҳамкории ниҳодҳо барои мудирияти об, ангезаҳои ҳамкорӣ барои об, дар ҷаласоти вижаи кунфронси Душанбе мавриди баҳсу баррасии коршиносон ва намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар чорчӯби ин кунфронс ҳамоишу маҳофиле барои баррасии масоили ҷанбӣ, аз ҷумла ҳамоиши байналмилалии масоили ҷинсиятӣ ва намоишгоҳи "Об моро муттаҳид мекунад" доир хоҳанд шуд.

Дар поёни кунфронс санаде бо номи Эъломияи Душанбе дар бораи масоили об содир хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, пешнависи ин санад авоили моҳи август ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда ва кишварҳои узв бо матни он ошно шудаанд.

Ҳазинаи ин кунфронс маълум нест, вале махориҷи онро созмонҳои молии байналмилалӣ ба уҳда гирифтаанд. Саҳми давлати Тоҷикистон иборат аз мизбонӣ ва фароҳам кардани суҳулатҳо ва шароити баргузории ин ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аст.

Матолиби муртабит