Олимон вобастагӣ миёни тағйири ҳаво ва афзоиши хушунатҳоро ошкор карданд

  • 5 Август, 2013

Олимони омрикоӣ натиҷагирӣ кардаанд, ки афзоиши хушунат дар саросари ҷаҳон ба сурати мустақим ба тағйири иқлим вобаста будааст.

Пжуҳиши онҳо ҳокӣ шудааст, ки ҳатто кучактарин тағйирот дар боду ҳаво, ё миқдори боришот ба бурузи пархошгарӣ мунҷар мешавад: мавориди таҷовуз ва одамкушӣ зиёд шуда, бархурдҳои низомӣ афзоиш меёбанд.

Ба гуфтаи ин донишмандони омрикоӣ бо дарназардошти идома пайдо кардани тағйироти ҳаво, хушунат дар дунё фақат афзоиш хоҳад ёфт.

Маршал Берк, муҳаққиқ аз Донишгоҳи Колифорниё дар Берклӣ мегӯяд: "Мо ин вобастагиро дар замонҳои мухталиф ва дар манотиқи мухталифи дунё назорат кардем, робита миёни тағйири иқлим ва бурузи низоъҳо хеле бузург аст."

Оқои Берк ва ҳамкоронаш ҳудуди 60 пажуҳиши анҷомшуда дар кишварҳои гуногун дар чанд садаи охирро таҳлил кардаанд. Натоиҷи ин таҳлил дар маҷаллаи муътабари илмии байналмилалӣ "Science" мунташир шудааст.

Дар ин пажуҳиш барои мисол гуфта шудааст, ки ҳамзамон бо хушксолии ахир дар Ҳинд, дар ин кишвар сатҳи хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст. Дар Омрико бошад, афзоиши таҷовуз ва одамкушӣ бо ҳаракати ҷараёнҳои ҳавои гарм баҳамроҳ будааст.

Муаллифони ин пажуҳиш ҳадс мезананд, ки боло рафтани гармои ҳаво ба оғози низоъҳои бузургтаре, масалан задухурдҳои нажодӣ дар Урупо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Офриқо боис мешавад.