Қатъи интиқоли об ба манозили сокинон дар Душанбе

  • 23 Июл, 2013

Субҳи рӯзи сешанбе интиқоли об ба бархе аз маҳаллоти шаҳри Душанбе қатъ шуд.

Мақомот мегӯянд ин амр ба манзури пайдо кардани ҷасади як ҷавон дар оброҳи мунтаҳӣ ба нерӯгоҳи Варзоб сурат мегирад, ки аз он оби нӯшиданӣ ба шаҳр мунтақил мешавад.

Рӯзи гузашта ҷавоне 18-сола ба номи Комрон Шаҳидов, зимни шиноварӣ дар ин оброҳ ғарқ шудааст. Бар асоси тасмими шаҳрдорӣ, қатъи интиқоли об аз соъати 5-и субҳ то 5-и шом сурат мегирад.

Ҳамакнун интиқоли об ба манозили сокинон дар ноҳияи Исмоъили Сомонӣ ба таври комил ва дар навоҳии Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ қисман мутаваққиф шудааст.

Ҳукуматҳои ин навоҳӣ муваззаф шудаанд дар тӯли замони қатъи интиқоли об бо истифода аз мошинҳои обкашон ниёзҳои мардум ба оби нӯшиданиро бароварда созанд.