Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази байналмиллалии диплумосии об дар Душанбе

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, кишвараш ҷонибдори ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамсоя дар бахши истифода аз захоири об аст.
Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ба ин манзур дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии ҳамкорӣ ва диплумосӣ дар бахши об таъсис шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи сешанбеи 20 август, дар Ҳамоиши байналмилали ҳамкорӣ барои об дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, гуфт: “Танҳо аз тариқи ҳамкорӣ масолии марбут ба обу энержии Осиёи Марказиро ҳалл кардан мумкин аст.”
Вале Президент Раҳмон мушаххасан аз мушкилоти мавҷудаи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ба равобити миёни кишварҳои болообу поёноби минтақа соя андохтааст, ишора накард.
Зимнан, дар пайи эъломи тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Роғун равобит миёни ин кишвар ва Ӯзбакистон тира шуд.
Ӯзбакистон, аз мухолифони сарсахти тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”, муддаъӣ аст, ки бунёди ин нерӯгоҳ бо садди 335 метр ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони минтақа ба об маҳдудият эҷод хоҳад шуд. Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро рад кардааст.
Давлати Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳалли мушкили камбуди шадиди нерӯи барқ дар ин кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз манобеъи оби худ барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ истифода хоҳад карда, аммо ин иқдом ба ҳеч ваҷҳ ба манофеъи кишварҳои поёноби минтақа асаре нахоҳад гузошт.
Ба гуфтаи коршиносон, бунёди нерӯгоҳи “Роғун” барои Эмомалӣ Раҳмон низ хеле муҳим аст, ки дастёбӣ ба истиқлоли энержиро аз аҳдофи аслии давлати худ арзёбӣ мекунад.
Гуфта мешавад, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ бо тавоноии 3600 меговотт мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳалл шуда, тавлиди нерӯи барқи арзон ба иқтисоди дохилӣ субот бахшида ва ин кишвар ба содиркунандаи умдаи энержӣ дар Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон 64 килуметри мукааби оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин кишвар солиёна танҳо аз 10 килуметри мукааби он истифода карда ва Тоҷикистон дар минёи кишварҳои минтақа дар самти истифодаи об ба ҳар нафари аҳолӣ дар поинтарин сатҳ қарор дорад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, танҳо 58,5 дарсади Тоҷикистон бо оби софи ошомиданӣ таъмин шуда ва барои ҳалли мушкили оби ошомиданӣ ҳудуди 500 милюн дулор масраф хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, тағйири иқлим дар сартосари ҷаҳон ба коҳиши мизони об мунҷар шуда ва кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба камбуди об мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, дар зарфи 35 соли ахир 1000 пирях ё яхчоли табиъӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон аз байн рафта ва майдони пиряхи Федченко дар кӯҳистони Помири Тоҷикистон то ба 2 килуметри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Зимнан, бахши умдаи обҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Ҳамзамон, аз соли 1956 то ба ҳол ҷамъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз се баробар (аз 20 милюн то 63 милюн нафар) ва майдони кишт аз 2,2 милюн то 9 милюн ҳектур афзоиш пайдо кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти 10 солаи ҳамкорӣ барои обро (солҳои 2005-2015) барои таъмини ҷамъияти кишварҳои ҷаҳон бо оби ошомидани муассир арзёбӣ карда ва гуфт, дар ин муддат 2,1 милёрд нафар бо оби софи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.
Аз ин лиҳоз, оқои Раҳмон пешниҳод кард, дар заминаи ҳамкорӣ барои об 10-солаи ҷадиди ҳамкориҳо эълом шавад.
