Дастури Раҳмон барои ҳалли мушкилоти “Тоҷик Эйр”

  • 18 Июл, 2013

Президент Раҳмон ба ниҳодҳои зирбати Тоҷикистон дастур додааст, то барои “бартараф кардани камбудию монеъаҳои мавҷуда” дар ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” тадобири муаасир андешанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 18 июл, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар ба вазъияти душвори молию иқтисодии ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ишора карда, хостори ҳалли мушкили молӣ, беҳбуди вазъи хидматрасонӣ дар ин ширкат ва ҷалби бештари мусофирон ба ширкатҳои ҳавоии ватанӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, феълан танҳо 47 дарсади мусофирон дар бахши мусофирбарии ҳавойӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ интиқол мешаванд.

Зимнан, дар шароити кунунӣ ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ба мушкили ҷиддии молӣ мувоҷеҳ шуда ва ин ширкат дар моҳи январи соли ҷорӣ аз давлати Тоҷикистон хост то бархе аз бидеҳиҳои “Тоҷик Эйр”-ро бубахшад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, бидеҳиҳо аз замони таҷдиди сохтори ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” дар соли 2008 пайдо шуда, ҳоло ширкат аз фурудгоҳи байналмилалии “Душанбе” ба миқдори 27 милюн сомонӣ, фурудгоҳи Хуҷанд 14 милюн сомонӣ, ниҳоди “Тоҷикаэронавигатсия” 8 милюн сомонӣ ва ширкатҳои маводди сӯхт 17,5 милюн сомонӣ бидеҳкор будааст.