Ситоиш аз дастовардҳо ва нақд аз саводи варзишкорони тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханроние дар Хуҷанд дастовардҳои варзишкорони тоҷикро ситоиш карда, ҳамзамон саводи бархе аз онҳоро зери суол бурд.
Оқои Раҳмон дар ин бора дар маросими гушоиши “Қасри варзиш” дар Хуҷанд сӯҳбат кард. Ӯ аз варзишкоронеро, ки чанд ҳафта қабл аз мусобиқоти Осиё дар Сеул бо 31 медол, аз ҷумла 9 медоли тило ба ватан баргаштанд, тақдир кард.
Аз сӯйи дигар ӯ таъкид кард, ки мусоҳибаҳои варзишкорони тоҷикро дар телевизиюнҳои давлатӣ тамошо мекунад ва аз варзишкорон хост, ҳамзамон бо рушди ҷисмонӣ саводи худро низ боло бибаранд.
Ӯ гуфт: “Кӯшиш кунед, ки дар баробари варзишгари хуб будан шахсони босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар бошед, ки ин маҳбубияти шуморо дар миёни мухлисонатон зиёдтар мегардонад.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷавонон даъват кард, ки барои мусобиқоти байналмилалии таэквонду, ки дар соли 2014 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, омодагии хуб бигиранд.
Зимнан “Қасри варзиш” дар Хуҷанд бо ҳимояти молии соҳибкорони тоҷик ба маблағи 55 милюн сомонӣ, мутобиқ бо истондотрҳои байналмилалӣ сохта шуда ва дорои майдоне бо се ҳазор ҷойи нишаст аст.
