Дилшод Восиев аз вазифаи копитони тими "Истиқлол" барканор шуд

  • 19 Июн, 2013

Масъулони тими футболи “Истиқлол” масъулияти копитони дастаро аз Дилшод Восиев, ҳофбеки ин тим пас гирифтанд.

Масъулони "Истиқлол" дар вебсойти худ далели барканории Восиев аз мавқеъи копитониро "бозии ғайриқаноатбахши" тим дар даври аввали Лиги олии кишвар унвон карданд.

Дар ин вебсойт омадааст, ки номи бозигаре, ки бозубанди копитони тими “Истиқлол”-ро касб хоҳад кард, дар авохири моҳи август, қабл аз оғози даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эълом хоҳад шуд.

Копитони ҷадиди ин тим аз тариқи раъйдиҳии бозигарон интихоб хоҳад шуд.