Футбол: Тоҷикистон - Афғонистон 3:2

  • 4 Июн, 2013
Image caption Ин бори нахуст нест, ки тимҳои мунтахаби ду кишвар бо ҳам рақобат мекунанд

Бозии дӯстонаи футбол миёни тими мунтахаби Афғонистон ва Тоҷикисон бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи тими мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 4 уми июн дар варзишгоҳи "Пахтакор"и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Нахустин тубро дар дақиқаи чаҳоруми қисми аввали бозӣ Ҳашматлулоҳ Борикзай, ҳофбеки тими мунтахаби Афғонистон зад.

Дар дақиқаи 17-уми қисми авали бозӣ Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев муҳоҷими дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи меҳмонон туби ҷавобиро ворид кард ва ҳисоб мусовӣ шуд.

Дар дақиқаи 41-уми бозӣ Ҳамидуллоҳ Каримӣ, муҳоҷими тими мунтахаби Афғонистон туби дуввумро вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.

Аммо баъди вайрон кардани қоидаи бозӣ аз тарафи футболбозони Афғонистон дар дақиқаи 43 ум сардовар ба дарвозаи меҳмонон ҷарима таъйин кард ва Хуршед Маҳмудов, копитони тими мунтахаби Тоҷикистон тубро вориди дарвозаи меҳмонон карда ва ҳисоб 2 бар 2 баробар шуд.

Бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 бозигарони ҳарду даста ба истироҳат рафтанд.

Дар қисми дуввуми бозӣ Соҳби Сувонқулов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 83 ум тӯби дуввуми худ дар ин бозӣ ва сеюмин туби дастаи мунтахаби Тоҷикистонро вориди дарозаи тими мунтахаби Афғонистон кард ва ин бозии дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон низ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт.

Довари аслии ин бозӣ Хуршед Дадабоев буд ва Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон буд.

Дар гузашта тими мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон се маротиба бо ҳам бозӣ доштанд ва дар ҳар се бозӣ ҳам футболбозони тоҷик бар ҳарифони худ чирадаст шудаанд. Бозии аввал дар соли 2005 дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 0 ба поён расид, бозии дуввум соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон бо ҳисоби 4:0 анҷом гирифт ва бозии сеюм соли 2010 дар Душанбе бо натиҷаи 1:0 ба поён омад.

Дар радабандии Фифо тими мунтахаби Тоҷикистон дар радаи 112 ва тими мунтахаби Афғонистон дар зинаи 140 қарор дорад.

Матолиби муртабит