Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар дастаи Урдун
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони урдунии худ бо ҳисоби 2 бар сифр дастболо шудаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Федеротсиюни футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар чорчӯби мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Хазар” миёни футболбозони навраси синни зери 16 сол дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шудааст.
Дар ду бозии қаблӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаҳои Уругвой ва Жопун мутаносибан бо ҳисобҳои 3 бар сифр ва 3 бар 1 мағлуб шуда буд.
Ҳамакнун, футболбозони навраси тоҷик фардо, 4 июн, барои ба даст овардани ҷойҳои 9 ё 10 бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вориди рақобат хоҳанд шуд.
