Панҷ гули беҷавоби “Ал Рамза” ба дарвозаи “Равшан”
“Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2012 дар даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Кунфедеросиюни футболи Осиё-2013 аз тими “Ал Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст хӯрд.
Даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳи “D” рӯзи сешанбе, 23 апрел дар варзишгоҳи шоҳ Абдуллоҳ дар пойтахти Урдун шаҳри Уммон баргузор шуд.
Тими “Равшан” дар нахустин бозии худ бо “Ал Рамза”-ро, ки 6 уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд бо ҳисоби 1 бар 0 бохт.
Натоиҷи панҷ даври мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” аз рӯи чунин тартиб аст. Тими “Ал Қудсия” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал ва тимҳои “Ал Рамза” ва “Ал Шорта” бо касби 9 имтиёз ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба худ ихтисос додаанд.
Тими “Равшан” бошад бе ягон имтиёз дар охирин радаи ин ҷадвал қарор дорад.
Бозии баъдии тими “Равшан”-и Тоҷикистон дар охирин даври мусобиқаи гурӯҳии ҷоми AFC рӯзи сешанбеи 30-и апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Шорта”-и Сурия баргузор мешавад.
Тими “Регар-Тад-аз”-и Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқаи Ҷоми кунфедеросиюни футболи Осиё-2013 дар гурӯҳи “А” бо тими “Сафо”-и Лубнон имрӯз 24-и апрел дар Хуҷанд бозӣ хоҳад кард.
Нахустин бозии худро тими “Регар-Тад-аз” рӯзи 5-уми март бо тими “Сафо” бо ҳисоби 1 бар1 мусовӣ ба поён бурд.
Дар гурӯҳи “А” “Кувайт” бо 12 имтиёз дар зиннаи аввал, “Ал-Риффа” бо 6 имтиёз дар зиннаи дуюм, “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи сеюм ва “Регар-Тад-аз” бо як имтиёз дар зиннаи охирин қарор дорад.
