Тоҷикистон ва Баҳрайн барои ду бозии дустона тавофуқ карданд
Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Созмони футболи Баҳрайн дар ҷараёни дидори худ аз Душанбе бо Рустами Эмомалӣ, раиси Федеротсиюни Футболи Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои миёни федеросиюнҳои миллии ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни ин мулоқот бо ҳадафи тавсеъаи футболи наврасон ва ҷавонон тавофуқ шуд, ки пойизи имсол бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Баҳрайн баргузор шавад. Қарор шуд бози аввал дар Тоҷикистон ва бозии дуввум дар Баҳрайн сурат бигирад.
Мулоқоти оқои Шайх Салмон бо Рустами Эмомалӣ субҳи рӯзи ҷумъа, 19-уми апрел дар Душанбе сурат гирифт.
Рустами Эмомали ва Шайх Салмон ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳо миёни федеросиюни футболи ду кишвар дар заминаҳои тавсеъаи бахши футболи хурд ва ё футзол ва футболи занон дар Тоҷикистон сӯҳбат доштанд.
Охирин бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соли 2004 дар доираи мусобиқоти муқадамотии Ҷоми ҷаҳон 2006 сурат гирифт.
Он замон бозии аввал дар Тоҷикистон мусовӣ ва бозии дуввум дар Баҳрайн бо ҳисоби 5 бар 0 Баҳрайн ба анҷом расида буд.
