Бохти дастаи футболбозони ҷавониТоҷикистон
Дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар навбати дуввуми мусобиқаи дустонаи футбол бар дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар сифр пирӯз шуд.
Бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистону Баҳрайн, рӯзи якшанбе 26 май, дар варзишгоҳи “Ал муҳаррақ”-и Баҳрайн баргузор шуд. Мусобиқаи аввали дӯстонаи миёни ин ду даста мусовӣ (2-2) анҷом ёфта буд.
Мусобиқоти дастаҳои футболбозони ҷавон дар Баҳрайн дар чаҳорчӯби омодагӣ барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Ҳазар” дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон баргузор шудааст.
Қарор аст, кидастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Чикаши Сузуки, сармураббии даста, имрӯз ба Озарбойҷон сафар карда ва пас аз ду рӯз дар даври аввали бозиҳо бо дастаи ҷавонон аз Уругвой ба мусобиқа пардозад.
Бозии дигари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 30 май бо дастаи мунтахаби Жопун баргузор хоҳад шуд.
