Футболбозони ҷавони тоҷик дар ҷои 9-уми “Ҷоми дарёи Хазар”
Тими футболи ҷавонони зери 16 сол аз Тоҷикистон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми дарёи Хазар” ҳамтоёни қирғизи худро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст доданд.
пасаз ин бозӣ тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар зинаи 9-уми мусобиқот “Ҷоми дарёи Хазар” қарор гирифтанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии “Ҷоми дарёи Хазар” тими футболи Тоҷикистон Урдунро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карда ва аммо аз дастаи Уругвой бо ҳисоби 0 - 3 ва аз дастаи Жопун бо ҳисоби 1 - 3 шикаст хурд.
Ба ин тартиб ҳоло Омрико дар ҷойи 5-ум, Ӯзбакистон дар ҷойи 6-ум, Булғористон 7-ум, Уругвой 8-ум, Тоҷикистон 9-ум, Қирғизистон 10-ум, Урдун 11-ум, ва Қазоқистон дар зинаи охири 12-ум қарор доранд.
Имрӯз 5 июл, дар даври ниҳоии мусобиқоти “Ҷоми дарёи Хазар” тими мунтахабаи ҷавонони Жопун бо Гурҷистон барои ҷойҳои 3 -4 ва тимҳои Озарбойҷону Туркия барои ҷойи 1-ум ва 2-юм рақобат хоҳанд кард.
