Оғози мусобиқоти давумайдонӣ дар Душанбе
Субҳи рӯзи шанбе 25 май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусибиқаи сартосарии давумайдонӣ оғоз гардид.
Дар ин мусобиқа варзишкорони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеъи пойтахт ширкат мекунанд.
Беш аз 150 варзишгар аз саросари кишвар дар 27 риштаи ин мусобиқот аз ҷумла дав, пиёдаравии бо панҷа ва пошна, ҷаҳиш ба дарозӣ ва баландӣ, ҷаҳиш бо найза, партоби диск, найза ва гурз ва дигар, бо ҳам рақобат мекунанд.
Ин мусобиқа ду рӯз идома дошта ва рӯзи якшанбе 26-уми май аз он натиҷагирӣ хоҳад шуд.
Дар мусобиқоти давумайдонии соли гузашта ҳудуди дусад нафар варзишкорон ширкат карда ва аксари ҷоизаҳоро варзишкорони давумайдонии Душанбе ба худ ихтисос доданд.
