Раҳмон: “Шукронаи неъматҳо кунем”

  • 7 Август, 2013
Раҳмон
Image caption Президент Раҳмон истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро аз бузургтарин неъматҳои мардуми ин кишвар хонд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро аз бузургтарин неъматҳои мардуми ин кишвар хонда ва хостори "шукронаи ин неъмат" шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот бо иди Фитр, ки рӯзи чаҳоршанбеи 7 август дар сойти раёсати ҷумҳурӣ мунташир шуд, аз мардум даъват кардааст, ки "барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш намоянд."

Дар паёми ӯ таъкид шудааст, ки дар оростани дастурхони идона аз исрофкорӣ ҷилавгирӣ шавад ва афроди доро ба хонаводаҳои фақир, маълулон ва ятимон кумак кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи таҷлил аз иди Фитр расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус шабакаҳои телевизиюнӣ, аз тавзеъи маводди ғизоӣ ба парваришгоҳҳо гузоришҳое пахш кардаанд.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ин иқдоми ниҳодҳои давлатӣ "намоишӣ буда ва ҷанбаи таблиғотӣ дорад" ва ин кумакҳо танҳо дар остонаи ҷашнҳо на, балки ба таври доимӣ, бояд сурат бигирад.

Дар ҳоле ки дар паёми Президент Раҳмон мукарраран ба таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид шудааст, Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон бо иқдомоти худ ваҳдати миллиро хадшадор мекунад.

Оқои Зойиров ба унвони мисол ба фишорҳои фазояндаи ниҳодҳои давлатӣ бар аҳзоби мухолиф, бахусус аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот, ишора кард.

Ҳамчунин, таҳлилгарон афзоиши мавориди таборгаройӣ дар сохтори давлатии Тоҷикистонро "теша бар решаи ваҳдати миллӣ" арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, куллияи мақомоти вазорату кумитаҳои калидии Тоҷикистон намояндагони як минтақа буда ва ин амр тавозуни саҳмияҳои маҳаллҳо дар сохторҳои давлатиро зери суол бурдааст.

Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар номае ба Кумитаи давлатии телевизиюн ва родию аз пахши пайвастаи гузоришҳо алайҳи ин ҳизб дар шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ шикоят карда ва хостори додани фурсат барои радди ин иддаъоҳо аз сӯйи ҳизби наҳзати исломӣ дар телевизиюн шуда буд.

Аммо Саидалӣ Сиддиқ, муъовини аввали раиси ин кумита, рӯзи гузашта ин дархостро рад карда ва гуфтааст, ки Кумитаи давлатии телевизиюн ва родию муваззаф нест, ки "барои пахши чунин раддияҳо вақт ҷудо кунад."

Афзун бар ин, шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон шаби 5 августи соли ҷорӣ баёнияи Асрор Булбулов, кафили раҳбари бахши ҳизби наҳзати сломӣ, дар шаҳри Хоруғро пахш кард.

Оқои Булбулов дар баёнияи худ аз мақомоти ҲНИТ шадидан интиқод карда ва ин ҳизбро на танҳо барои вилояти Бадахшон, балки барои ҳамаи Тоҷикистон "нодаркор" хонд.

Таъкиди оқои Раҳмон ба "риъояти озодии эътиқод ва виҷдон" дар ҳолест, ки ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, рафтани навҷавонон ба масҷид ва доштани риш ё пӯшиши ҳиҷоб дар муассисоти омӯзишии Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъъолияти масоҷид таҳти назорати давлат аст.

Матолиби муртабит