"Ҷилавгирӣ аз талафи об душвориҳои камбуди обро ҳалл хоҳад кард"

Иддае аз коршиносон ва пажуҳишгарон мегӯянд, ки ҷилавгирӣ аз талафоти об дар Осиёи Миёна метавонад, баробарии дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар кишварҳои минтақарро таъмин кунад.
Ба гуфтаи ин донишмандон беш аз 60 дар сади оби ошомиданӣ дар минтақа дар натиҷаи истифодаи нодуруст дар ҷараёни масрафи он ва куҳнаву фарсуда будани таҷҳизоти фаннӣ барои обёрии мазореъ талаф мешавад.
Ин масъала яке аз мавзӯъҳои матруҳа дар Ҳамоиши байналмилалии ҳамкорӣ барои об буд, ки рӯзи сешанбеи 20 август дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд ва қарор аст дар ду рӯзи кори ин ҳамоиш масоили мухталиф дар заминаи истифодаи об ва дастрасии баробари мардумони минтақа ва ҷаҳон ба он баррасӣ шавад.
Талафи беҳудаи об мушкили аслӣ аст
Профессор Абдулҳамид Қаюмов мегӯяд, ки қарор аст барои пажӯҳиши захоири мавҷуда дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон як ҳайъате аз ҷумлаи муҳаққиқон аз панҷ кишвари Осиёи Миёна ба манзури анҷом додани таҳқиқот ба минтақаи кӯҳистоӣ сафар кунанд.
Оқои Қаюмов ба унвони яке аз коршиносони умда дар масоили об дар Ҳамоиши байналмилалии ҳамкорӣ барои оби рӯзи сешанбеи 20 август ширкат дошт.
Ӯ гуфт, ки ҳалли мушкили камбуди об дар минтақа ба талафоти беҳудаи он бастагӣ доштааст.
Оқои Қаюмов афзуд: "Ҳудуди 60 дар сади об дар минтақа беҳуда талаф меёбад ва дар сурати ҷилавгирӣ аз талафоти 50 дарсад аз ин об, мушкилоти дастрасии нокофӣ ба об дар минтқа сад дар сад ҳалл хоҳад шуд. Барои мисол шеваи обёрии мазореъи кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна гуфтан мумкин аст, ки ҳанӯз дар сатҳи давраҳои ибтидоӣ қарор дорад."
Ин донишманди тоҷик мегӯяд, ки талафоти об дар кишварҳои минтақаро метавон бо ҷорӣ кардани фановарии замонавӣ ва истифода аз далелҳои илмии донишмандон аз миён бурд.
Аммо ба ақидаи ин донишманди тоҷик дар ҳоли ҳозир олимон барои анҷоми таҳқиқот дар заминаи тағйироти иқлимӣ ба кумакҳо ниёз доранд.
Бо ин вуҷуд норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа мунҷар ба сар задани баҳсоҳое бар сари истифодаи нодуруст аз об дар манотиқи болооб ва эҷоди мушикили камбуди об ба сокинони кишварҳои поёноби минтақа шудааст.
Бен Брага (Ben Braga) раиси Шӯрои Ҷаҳонии Об мегӯяд, ки дар чунин нишастҳо барои ҳалли мушкили мубоҳисот бар сари тавзеъи об бояд аз таҷрибаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин замина истифодаи муассир шавад.
Оқои Брага мегӯяд, ки набояд кишварҳо барои дастрасии баробар ба захоири об кашмакаш кунанд.
Вай афзуд: "Яке аз беҳтарин намунаҳои ҳалли мушкили тавзеъи обро метавон дар мисоле аз Брозил ва Парагвай, ки тавонистанд ба ҷойи мубоҳисот ва кашмакашҳо бар сари истифода аз захоири як рӯдхонае, ки аз қаламрави ин кишварҳо убур мекард, пружаҳои муштараки истифода аз ин обро роҳандозӣ кунанд. Ва дар натиҷа ин пружаҳо ба суди мардумони ҳар ду кишвар буда ва таззодҳои мавҷуда бар сари обро низ аз миён бурданд.”
Ҳалли мусолиматомези мушкили камбуди об
Аз сӯйи дигар нахуствазири Қирғизистон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши байналмилалии ҳамкорӣ барои об ба он таъкид дошт, ки дар масоили тавзеъи об ва дастрасии мунсифона ба он дар минтақа мақомоти кишварҳо набояд аз зӯроварӣ ва фишорҳо бар ҳамдигар истифода кунанд.
Аз ин рӯ Жонторо Сотиболдиев аз кишварҳои ҷаҳон ва минтақа даъват кард, ки барои ҳалли душвориҳои марбут ба об сари мизҳои гуфтугӯ гирди ҳам оянд.
Оқои Сотиболдиев дар мавриди масъалаи истифода аз об дар кишвараш мегӯяд: "Қирғизистон захираи қобили таваҷҷуҳи обро доро аст. Вале ин кишвар танҳо 20 дарсади захираи оби мавҷуда дар қаламравашро барои ниёзмандиҳои хеш истифода мекунад ва оби боқимонда ба кишварҳои поёноби минтақа ҷорӣ мешавад."
Аммо оқои Сотиболдиев мегӯяд, ки тамоми сокинони кишвараш дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити хуби беҳдориро доранд.
Гузоришҳо дар даҳсолаи ахир ҳокист, ки миёни сокинони марзӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишоти зиёде барои истифода аз оби рӯдхонаҳои мавҷуд дар манотиқи марзӣ зуд-зуд иттифоқ меуфтанд.
Ба вижа низоъҳое дар ин замина дар навоҳии Исфараи вилояти Суғд бо навоҳии ҳаммарзи воқеъ дар вилояти Боткенти Қирғизистон дар даҳсолаи ахир мушоҳида шуданд, ки мақомоти задахли ин кишварҳо то ҳол наметавонанд ин мушкилотро комилан аз миён бибаранд.
Аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши оби имрӯз гуфт, ки бовуҷуди мавҷудияти захорири кофии об на ҳамаи сокинони Тоҷикистон дар ин кишвар дастрасӣ ба оби ошомиданиро доштаанд.
Президент Раҳмон афзуд: "Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 дарсади сокинон аз сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ истифода мекунанд ва 30 дарсади мардум шароити хуби санитарӣ (беҳдорӣ) доранд."
Камбуди шадиди оби ошомиданӣ бештар дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, дар навоҳии назди марзӣ бо Афғонистони вилояти Хатлон эҳсос мешавад.
Ба вижа дар фасли гармо дидани манзараи ҳамли об аз сӯйи занон ва кӯдакон бо истифода аз ароба ва харҳо дар навоҳии Восеъ, Данғара, Қумсангир ва рустоҳои Шаҳритуси ин вилоят касеро дар тааҷҷуб намегузорад.
Ҳарчанд дар даврони Шӯравӣ сокинони ин навоҳӣ ва кишоварзони он бо истифода аз фановариҳои вақт бо оби ошомидании кофӣ ва об барои обёрии мазореъ то андозае таъмин буданд.
Коршиносон мегӯянд, ки мушкили камбуди оби ошомиданӣ дар минтақа оқибат мунҷар ба сар задани низоъҳои бештар миёни мардум ва кашмакашиҳои шадиди мақомоти кишварҳои минтақа хоҳад шуд.
Аммо Аркадий Дубнов, коршиноси рус баъид медонад, ки мақомоти кишварҳои минтақа бар сари захоири оби ва дастрасӣ ба он даст ба "амалҳои хушунтаборе" алайҳи ҳам зананд.
Оқои Дубнов афзуд: "Ман пояҳои ҷиддиро барои сар задани низоъҳо, ба вижа даргириҳои мусалаҳона барои тавзеъи об дар минтақа миёни кишварҳо намебинам. Бештар гуфтугӯҳо дар мавриди мушкилоти об дар атрофи Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва изҳороти ӯ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Вале ба ақидаи ман ин изҳорот бештар ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъалаи об дар минтақа буд. Набояд кишварҳо ҳамдигарро бо истифода аз мавзӯъ битарсонанд, беҳтар аст, ки барои ҳалли мушкил созиш ва роҳи ҳаллу фасли онро дар сари мизҳои музокирот пайдо кунанд."
Масъалаи об ва истифодаи муассир аз он яке аз мавзуъоти доғе дар муносиботи ду кишвари ҳамарзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар даҳсолаи ахир шудааст.
Бо вуҷуди даъватҳои зиёди ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти узбак барои ҳалли ин масъала намояндагони он кишвар аз ширкат дар ҳамоишҳои мухталиф худдорӣ мекарданд.
Аммо дар ҳамоиши имрӯз ҳайъате аз коршиносони узбак таҳти раҳбарии Шавкат Ҳомидов, муъовини вазири кишоварзии он кишвар ширкат доштанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбеи 20 август, яъне дар рӯзи аввали кори Ҳамоиши байналмилалии ҳамкорӣ барои иддаи зиёде аз сокинони шаҳри Душанбе, ба вижа сокинони навоҳии Синои ин шаҳр аз қатъи интиқоли оби ошомиданӣ ба манозилашон шикоят мекарданд.
