"Занон дар ҳалли масоили душвориҳои дастрасӣ ба об дар хатти муқаддам қарор доранд"

  • 19 Август, 2013
Занони фаъъоли кунфаронс
Image caption Суханронон ба ҳамкориҳои танготанг миёни мардумон дар заминаи тавзеъи об ва истифодаи судманд аз он таъкид карданд

Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба нақши созандаи занон дар мудирияти тавзеъи об ва истифодаи муассир аз он дар кишварҳои ҷаҳон таъкид карданд.

Дар анҷумани зери унвони "Тавонмандсозии занон: Бунёд барои ҳамкориҳои муваффақиятомез дар бахши обҳои фаромиллӣ" гуфта шуд, ки аз мушкилоти марбут ба камбуди об дар ҷаҳон қабл аз ҳама занону духтарон ранҷ мебаранд.

Аз ин рӯ аксари суханронони ин нишаст ба ҳамкориҳои танготанг миёни мардумон дар заминаи тавзеъи об ва истифодаи судманд аз он таъкид карданд.

Анҷумани об ва масоили ҷинсият дар шаҳри Душанбе, рӯзи душанбеи 19 август доир шуд ва дар он ҳудуди 150 намояндаи созмонҳои байналимилалӣ ва ғайридавлатӣ, занони раҳбар аз сартосари ҷаҳон ширкат карданд.

Ин нишаст нахустин тадобире аз Кунфаронси байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об, ки фардо оғоз ба кор хоҳад кард, буд ва дар маросими ифтитоҳии он Руқия Қурбонова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, суханронӣ кард.

Хонум Қурбонова аз ҷумла таъкид кард, ки бо душвориҳои аслӣ аз норасоии об ва ё ҳаводиси табиъии ношӣ аз зиёд будани он аксаран занон ва духтарон рӯбарӯ ҳастанд.

Вай афзуд, ки бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги об буда ва 60 дарсади обҳои минтақа дар қаламрави ин кишвар воқеъ будаанд, аммо вай мегӯяд, ки ҳамасола ин кишвар бо мушкилоте аз норасоии об мувоҷеҳ будааст.

Ӯ аз ҷумла гуфт: "Яке аз мушкилоти аслӣ дар ин самт, дастрасии нокофӣ ба сарчашмаҳои безарари оби нӯшокӣ ва шароити хуби санитарӣ (беҳдорӣ) мебошад, ки яке аз ҳадафҳои барномаи Рушди ҳазораи Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Ҳамчунин бояд ёдовар шавам, ки ин омил, яъне таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити хуби беҳдорӣ бо аҳдофи дигари Рушди ҳазора, яъне рафъи камбизоъатӣ ва коҳиши мизони маргумимири модарон ва кӯдакон ба ҳангоми зоймон ва мубталоӣ ба бемориҳои мусрӣ иртиботи бевосита дорад."

Аз ин рӯ хонум Қурбонова қабл аз ҳама ба мушорикати бештари занон ва духтарон дар фаъъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоъии кишвар таъкид кард.

Image caption Дар миёни ширкаткунандагони анҷумани занон ва оби имрӯз раҳбарони зани вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ низ ҳозир буданд

Аз сӯйи дигар муъовини нахуствазири Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид бар он дошт, ки дар даҳсолаи ахир давлати Тоҷикистон барои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ва коҳиши сатҳи фақру бенавоӣ фаъъолиятҳои судманде кардааст.

Вале бо ин вуҷуд дар фасли тобистон дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон манзараи зиёде аз мавориди обкашонии дастии занону духтарон ва кӯдакон ба мушоҳида мерасад, ки баёнгари он аст, ки то ҳол дар бархе аз навоҳии ин кишвар камбуди шадиди дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ вуҷуд дорад.

Аз ҷумла бисёре аз занон дар навоҳии Восеъ ва Бохтару Қумсангири вилояти Хатлон мегӯянд, ки бо мушкили камбуди об ҳамасола рӯбарӯ ҳастанд ва ин душворӣ боъиси ба бемориҳои мусрӣ гирифтор шудани кӯдакон дар ин навоҳӣ шудааст.

Ҳарчанд дар ҳамоиши имрӯзи "Тавонмандсозии занон: Бунёд барои ҳамкориҳои муваффақиятомез дар бахши обҳои фаромиллӣ" занони суханрон дастрасии кофӣ бо оби ошомиданиро яке аз авомили аслии ҷилавгирӣ аз бемориҳои мухталиф дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.

Алиса Дентенер, раиси созмони "Занон барои ҳамкориҳо дар бахши об" мегӯяд, ки барои фароҳам кардани шароити дастрасӣ ба оби ошомиданӣ занон қабл аз ҳама худашон бояд кушиши зиёде бикунанд.

Хонум Дентенер афзуд: "Масоили об ва мушкилоти беҳдорӣ танҳо мушкили Тоҷикистон нест. Ва ба назари ман давлат ин ниҳоде нест, ки тавонад ба таври мӯъҷиза дар як рӯз мушкилоти обро ҳаллу фасл кунад. Ҳалли мушкили об дар кишварҳои ҷаҳон ба занон ва духтарон низ вобастагии зиёде дорад."

Вай ҳамчунимн дар заминаи ҷалби занон ба фаъъолиятҳое дар арсаи об ба нақши созандаи занони раҳбар ва фаъъоли кишвар таъкид кард.

Дар миёни ширкаткунандагони анҷумани занон ва оби имрӯз раҳбарони зани вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ низ ҳозир буданд.

Қарор аст, занони ширкаткунандаи анҷумани имрӯз бисёре аз масоили марбут ба мушкилоти дастрасии занон ва духтарон ба оби ошомиданӣ ва душвориҳои беҳдориро дар Кунфаронси байналмилалии ҳамкорӣ барои об, ки субҳи рӯзи сешанбе оғоз мешавад, матраҳ кунанд.

Матолиби муртабит