Оғози кори ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе

Дар Душанбе Ҳамоиши байналмилалии ҳамкорӣ барои об оғоз ба кор кард. Дар ин нишаст 150 мутахассис аз созмонҳои байналимилалӣ ва ғайридавлатӣ ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз сартосари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Ширкаткунандагони ин ҳамоишро, ки субҳи сешанбеи 20 август ифтитоҳ шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт ва ӯ дар суханронӣ худ ба нақши кишвараш дар ҷалби таваҷҷӯҳ ба душвориҳои марбут ба истифодаи муассир аз об таъкид кард.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки эҳтимол дорад ду сеюм аз нуфуси ҷаҳон то соли 2025 бо танишҳои камбуди оби ошомиданӣ рӯбарӯ шаванд.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон низ бо вуҷуди ин ки ин кишвар дорои захоири бузурги об дар минтақа аст бо мушкили дастрасӣ ба оби ширин дар бархе манотиқ рӯбарӯ ҳастанд. Ҳарчанд намояндагони давлат мегӯянд, ки дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як милюн нафар аз сокинон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.
Ҳамакунун мақомоти тоҷик бо доир кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ умед доранд, ки дар ин нишаст раванди иҷрои Аҳдофи Тавсеъаи Ҳазора (2005-2015) дар мавриди захоири об ва тавсияву пешниҳодҳо барои таҳияи Аҳдофи Тавсеъаи Пойдор барои давраи пас аз 2015 баррасӣ шавад.
Дар ҳошияи ин ҳамоиши ду рӯза ҷаласот ва маҳофиле барои баррасии ҷанбаъҳои мухталифи масоили об ва истифода аз он, аз ҷумла масоили ҷинсиятӣ ва намоишгоҳи "Об моро муттаҳид мекунад" доир хоҳанд шуд.
Дар поёни ҳамоиш санаде бо номи Эъломияи Душанбе дар бораи масоили об содир хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, пешнависи ин санад авоили моҳи август ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда ва кишварҳои узв бо матни он ошно шудаанд.
Лайлӣ Муширӣ, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, масоили матруҳа дар ин ҳамоиш барои мардумоне, ки аз душвориҳои камбуди оби ошомиданӣ ва масъали беҳдорӣ дар ҳоле судманд хоҳад буд, агар раҳбарони кишварҳо масъулият барои иҷрои қатъномаҳои ин нишастро бар ӯҳда гиранд. Хонум Муширӣ мегӯяд, ки дар ғайри ин сурат чунин ҳамоишҳо дар зиндагии мардумон таъсире нахоҳанд дошт.
Яке дигар аз масоили матруҳа дар ин ҳамоиш, мушкилоти марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи истифода аз захоири об дар минтақа ва ҷаҳон аст.
Ҷониби Ӯзбакистонро дар мубоҳисоти ҳамоиши оби Душанбе ҳайъате аз Ӯзбакистон таҳти раёсати ШАвкат Ҳамроев, муъовини вазири кишварзии ин кишвар намояндагӣ мекунад.
