Кӯдакони узбактабори Шаҳритус аз таҳсил ба забони модарӣ маҳрум шуданд

  • 17 Сентябр, 2013
Image caption Кӯдакони тозатаҳсили узбактабор дар Шаҳритус, ки беш аз 60% ҷамъияти он узбактаборанд, фақат имкони таҳсил ба забони тоҷикиро хоҳанд дошт

Кӯдакони узбактабори Шаҳритус аз таҳсил ба забони модарӣ маҳрум шуданд. Тасмим дар бораи баста шудани синфҳои узбакӣ дар 22 мадрасаи ин ноҳия қабл аз оғози соли нави таҳсил иттихоз шуда буд.

Ҳамакнун кӯдакони тозатаҳсили узбактабор дар ин ноҳияе, ки беш аз 60% ҷамъияти он узбактаборанд фақат имкони таҳсил ба забони тоҷикиро хоҳанд дошт.

Мақомоти ин ноҳия мегӯянд, далели баста шудани клосҳои узбакӣ ва ҷалби хонандагони узбак ба клосҳои тоҷикӣ камбуди омӯзгорони узбак ва адабиёти узбакӣ барои хонандагони узбак унвон кардаанд.

Сайфиддин Садриддинов, масъули шуъбаи маъорифи ноҳияи Шаҳритус гуфт, дар мавриди бастани клосҳои узбакӣ ризояти узбактаборони ноҳия дар мавриди бастани клосҳои узбакӣ дарёфт шудааст.

Оқои Садриддинов мегӯяд: “Мо аз волидайни ин хонандагони узбактабор аризаҳо дарёфт кардаем, ки хоҳиши таҳсили фарзандонашон дар клосҳои тоҷикиро кардаанд.”

Маҳмадназар Хоҷаев, мудири мактаби ҳамагонии шумораи 29, яке аз мактабҳои "дузабонаи" ноҳияи Шаҳритус гуфт, волидайни хонандагон барои таҳсили бачаҳояшон бо забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи зиёде доштаанд.

Оқои Хоҷаев мегӯяд: "Таҳсили хонандагони узбактабор солҳои охир дар ноҳия душвор буд. Камбуди китобҳои узбакӣ ва омӯзгорони узбактабор. Хонандагон баъди хатми мактаб наметавонистанд, дар Узбакистон таҳсил кунанд."

Оймоҳ Эсанқулова, як сокини узбактабори ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки имсол ду наберааш ба клоси аввали мардраса рафта таҳсилро бо забони тоҷикӣ оғоз кардаанд.

Хонуми Оймоҳ мегӯяд: “Бачаҳои ман ва дигар набераҳоям дар мактаб тоҷикӣ ва узбакиро меомӯхтанд, вале имсол мактабҳоро тоҷикӣ кардаанд. Мегӯяд, ки мардум хоҳиши хонданро бо забони тоҷикӣ кардаанд. Фикр мекунам, ки барои мо донистани забони узбакӣ низ лозим аст, чун мо узбак ҳастем дар хона ва дар куча узбакӣ муъошират мекунем.”

Аз сӯи дигар оқои Садриддинов ишора ба ин мавзӯъ кард, ки мадрасаҳои кишварҳои ҳамсоя низ клосҳои тоҷикиро мебанданд. Ҳарчанд оқои Садриддинов мушахассан аз кишваре ном набурд, аммо илова кард, ки "дӯст надорем, китобҳои узбакӣ аз Узбакистон ба кишвари мо ворид шавад."

Ин дар ҳолест, ки аз ноҳияи Сухи Узбакистон аз нигаронии омӯзгорон дар мавриди фишор бар шогирдони тоҷикзабон гузориш шудааст. Омӯзгорони ин ноҳия гуфтанд, ки мақомот дар мактабҳои ҳамагонии тоҷикӣ клосҳои таҳсилро ба забони узбакӣ фаъол кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Узбакистон 80 ҳазор ҷаъмият дошта, ки 98 дар сади онҳо тоҷикон буда ва дар он 26 мактаби тоҷикӣ фаъолият мекардааст.

Бастани клосҳои узбакӣ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки дар авохири соли 2010 нарасидани омӯзгорони забони тоҷикӣ дар ин ноҳия мушоҳида мешуд.

Дар ноҳияи Қубодиён ва Носири Хусрав, ки наздик ба ноҳияи Шаҳритус ҳастанд муҳоҷирони дохилии Бадахшонӣ ба хотири набуди омӯзгорони забони тоҷикӣ низ ба мақомот шикоят мебурданд. Ба ин далел дар баъзе аз мадрасаҳои ноҳияи Носири Хусрав бачаҳои хонаводаҳои тоҷик бо забони узбакӣ таҳсил мекарданд.

Дар вилояти Хатлон узбакҳо 30 дар сади ҷаъмиятро ташкил дода онҳо бештар дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав ва Ҷиликул зиндагӣ мекунанд ва даҳҳо мадрасаи тоҷикӣ ва узбакӣ фаъъолият мекунанд.

Матолиби муртабит