Лағви таътилоти баҳориву тирамоҳӣ дар мадориси Тоҷикистон

Бино ба тасмими ҷадиди вазорати омузишу парвариши Тоҷикистон низоми таҳсил дар мадорис тағйир ёфта ва акнун шогирдон аз таътилоти тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум шуда, аммо дар фасли зимистон тӯли як моҳ истироҳат хоҳанд кард.
Тоҷикистон дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ рубарӯ буда ва тӯли чанд соли ахир ба хотири ҷилавгирӣ аз аҳсили кӯдакон дар синфхонаҳои сард, мӯҳлати таътилоти зимистонӣ тамдид шуда буд.
Икром Табаров, як масъули вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба расонаҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин амр дар чорчӯби барномаи ислоҳоти низоми омузишу парвариш дар кишвар, ки бояд то соли 2020 иҷро шавад, иттихоз шуд.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун қисмати аввали соли таҳсил аз якуми сентябр то 31-уми декабр идома дошта ва сипас шогирдон то аввали моҳи феврал таътил хоҳанд дошт. Қисмати дуввуми соли таҳсил то моҳи июн идома хоҳад дошт.
Вай афзуд, ки дар маҷмуъ соли таҳсил ба гунаи қаблӣ 34 ҳафта идома ёфта ва ба соъоти таҳсил латма ворид нахоҳад шуд. Ба ин тартиб аз мактабҳо "чорякҳо" барчида шуда ва дониши шогирдон дар як сол ду маротиба баҳогузорӣ хоҳад шуд.
Қаблан ҳамаи шогирдон баҳои "чорякӣ" гирифта ва дар тирамоҳу баҳор таътили кутоҳ доштанд. Ин низоми таҳсил дар замони шӯравии собиқ мавриди истифода қарор гирифта ва зимни таҳияи он назароти пизишкон ва равоншиносон ба инобат гирифта шудааст.
Гуфта мешуд, ки кӯдакон ҳудуди ҳар ду моҳ ба таътилоти кутоҳ ниёз дошта ва низоми чоряк аз лиҳози равонӣ барои кудакон созгортар маҳсуб мешуд.
Қодир Қодиров, муъовини раиси Фарҳангистони омузишу парвариши Тоҷикистон мегӯяд, ки барномаи тағйири низоми таҳсил озмоишӣ буда ва тӯли чанд соли ахир дар минтақаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуда ва натоиҷи хубе дар пай доштааст.
Аз сӯйи дигар масъулони арсаи омузишу парвариши мегуянд, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ буда ва ин сабаб мешавад, дар бархе аз минтақаҳо шароити лозим барои таҳсили кудакон дар мактабҳо фароҳам набошад.
Дар чандин соли ахир куллия манотиқи Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе - пойтахт дар фасли сармо аз истифодаи барқ ба сурати реҷаӣ таҷрибе мекунанд. Шаҳристонҳо дар рӯз танҳо ҳудуди 5-6 соъат, субҳи зуд ва шом бо барқ таъминанд.
Аммо масъулони омӯзиш ва парвариш мегӯянд, ҳарчанд таҳсил дар мактабҳо дар ҷараёни таътилоти якмоҳаи зимистонӣ қатъ мешавад, аммо ҳамасола дар ин фасл озмунҳо ва барномаҳои мухталифи омузишӣ, назири Олимпиадаҳо баргузор мешаванд.
Дар Тоҷикистон камтар аз чаҳор ҳазор мадориси мутаввасит фаъъол аст. Соли гузашта иттилоъ шуда буд, ки барои бори нахуст миқдори масоҷид дар Тоҷикистон аз шумори мадорис афзоиш ёфтааст.
Зимнан, соҳибназарон ва созмонҳои ҳуқуқи башар аз уфти кайфияти таҳсил дар мадорис ва дар маҷмуъ дар низоми омузишу парвариши Тоҷикистон изҳори назар мекунанд. Вале давлати Тоҷикистон пайваста чунин иддаъоҳоро бепоя дониста мегуяд, ки барои арсаи таҳсил ҳамасола дар будҷаи кишвар маболиғи ҳангуфте ихтисос мешавад.
Ироаъи кутуби дарсии ройгон барои шогирдон нишони таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон ба арсаи омузишу парвариш арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд дар соли ҷорӣ ҳазинаи иҷораи ин кутуб барои шогирдон бамаротиб афзоиш ёфтааст, ки имтиёзи истифодаи ройгони онро зери суол мебарад.
