Маҳрумияти густардаи кӯдакони тоҷик аз кӯдакистонҳо

  • 6 Декабр, 2013
кӯдакон
Image caption Дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна шумори камтаре аз кӯдакон ба кӯдакистон мераванд

Дар заминаи дастрасии кӯдакон ба омӯзишу парвариши давраи кӯдакистонӣ Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар мақоми охир қарор дорад.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 6 декабр Гулнора Курманова, ҳамоҳангсози бунёди байналмилалии “Ибтикороти Роза Отунбоева” дар Қирғизистон дар як ҳамоиши байнанлмилалӣ хабар додааст.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ҳоло ҳудуди 90 дарсад аз кӯдакони синни 3 то 6-сола дар Тоҷикистон аз таълиму тарбият дар кӯдакистонҳо маҳруманд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна Қазоқистон дар заминаи тарбияти кӯдакон дар кӯдакистон дар радаи аввал аст. Гуфта мешавад 16 дарсад аз кӯдакони ин кишвар дар кӯдакистонҳо тарбият меёбанд.

Аммо аз миёни ҷамоҳири шӯравии собиқ дар ин росто Белорус пешгом аст, зеро аз рӯи оморҳо, 95 дарсади кӯдакони ин кишвар дар кӯдакистонҳо омӯзишу парвариш меёбанд.

Тоҷикистон кишваре бо ҷамъияти болои рустоист ва дар бештари рустоҳои ин кишвар кӯдакистон ё маҳди кӯдак вуҷуд надорад. Дар шаҳрҳо низ бештари занон хонашин ҳастанд ва тарҷеҳ медиҳанд, кӯдакони худро ба ҷойи кӯдакистон ё маҳду кӯдак дар хона нигоҳ доранд.

Муқаддас, як зани сокини шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт: “Чаро бояд кӯдакамро ба кӯдакистон диҳам? Ман худам ҳамеша дар хона ҳастам ва метавонам ӯро нигоҳубин кунам ва хондану навиштанро ёд диҳам."

Бар асоси қавонини Тоҷикистон омӯзишу парвариши давраи қабл аз мактаб дар ин кишвар иҷборӣ нест ва падару модарон ҳақ доранд то сини 6-солагӣ фарзандонашонро дар хона тарбият кунанд.

Ба гуфтаи Нисо Кокова, як масъули вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон, камбуди кӯдакистонҳо далели аслии фарогирии камтари кӯдакон ба омӯзишу парвариши кӯдакистонӣ дар ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи ӯ, шумори ҷамъияти Тоҷикистон дар муқоиса бо замони шӯравӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст, аммо теъдоди мадорису кӯдакистонҳо баръакс коҳиш ёфтааст.

Хонуми Кокова афзуд: "Агар то соли 1991 дар кишвар 945 кӯдакистон мавҷуд буд, ки зиёда аз 141 ҳазор кӯдакро ба таълиму тарбият фаро гирифта буданд, дар соли 2010 теъдоди кӯдакистонҳо ба 488 расид. Аммо дар соли 2013 теъдоди кӯдакистонҳо боз андаке зиёд шуда ва ба 520 адад расид, ки беш 62 ҳазор кӯдак дар ин мадорису кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд."

Агар дар ҳудуди шаҳри Душанбе камбуди кӯдакистонҳо камтар ба чашм мехурад, аммо дар манотиқи рустоӣ ва навоҳии дурдасти кишвар 98 дарсади кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта нашудаанд.

Бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз 27 феврали соли 2007 барои беҳбуди кайфияти омӯзишу парвариш ва таъмини ғизо ва васоили бозиву омӯзиши донишомӯзон, мадорису кӯдакистонҳои пойтахт ҳаққи доранд, ки бо ризояти волидон аз онҳо пардохти маболиғеро тақозо кунанд.

Нисо Коково мегӯяд, ки тибқи истротежии миллии таҳсилоти томактабии Вазорати омузишу парвариши Тоҷикистон, то соли 2020 бояд 50 дарсад аз кӯдакон ба таҳсилоти кӯдакистонӣ фаро гирифта шаванд.

Хонуми Кокова мегӯяд, ки аз тариқи таъсиси кӯдакистонҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ ва ё марокизи рушди кӯдак метавон ба натоиҷи беҳтаре дар ин замина даст ёфт.

Бар асоси омори расмӣ, имрӯз беш аз 720 марокизи рушди кӯдак дар Тоҷикистон фаъъол аст.

Аммо камбуди омӯзгорон ва мутахассисони тарбияти кӯдак аз мушкилоти дигари арсаи омӯзишу парвариши Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон 4155 мураббӣ ба таълиму тарбияти кӯдакон дар кӯдакистонҳо машғуланд, ки ин шумор кофӣ набудааст.

Матолиби муртабит