Таъсиси нуқтаҳои изофӣ барои сабти довталабон дар Айнӣ ва Тавилдара
Image copyrightBBC World ServiceМаркази миллии тест ё имтиҳоноти Тоҷикистон ду нуқтаи изофии сайёр барои сабти довлатабони вуруд ба донишгоҳҳо дар навоҳии кӯҳистонии Айнӣ ва Тавилдара ифтитоҳ кардааст.
Қарор аст базудӣ як нуқтаи дигар барои сабти довталабон дар ноҳияи кӯҳистонии Дарвоз ифтитоҳ шавад.
Ин марказ ҳамчунин барои омӯзиши кормандони муваққатӣ, ки дар марокизи вилоёту навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳоро доир мекунанд, озмун эълом кардааст.
Маҳмадалӣ Раҳмонов, муъовини раиси Маркази миллии тести (имтиҳоноти) Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии ин кишвар, рӯзи сешанбеи аввали апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити душвори навоҳии кӯҳистонӣ дар бархе аз ин манотиқ нуқтаҳои сайёр ифтитоҳ шудаанд.
Вай афзуд, ки ду нуқтаи ифтитоҳшуда дар ноҳияҳои Айнӣ ва Тавилдара ҳар кадом аз ду стансия (бунгоҳе мураккаб аз як мизи корӣ ба изофаи дастгоҳҳои роёнаю дурбинҳо ва ғайра) иборатанд.
Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, бо таваҷҷуҳ ба имкони афзоиш ва коҳиши довталабон дар маҳаллоти ҷудогона, нуқтаҳои сайёр мумкин аст дар оянда аз як маҳал ба маҳаллоти дигар низ кӯч дода шаванд.
Ифтитоҳи нуқтаҳои сайёр дар навоҳии кӯҳистонии Тавилдара ва Айнӣ дар ҳолест, ки рӯзи 17 март дар як сонеҳа дар ҷоддаи Айнӣ-Хуҷанд шуморе аз донишомӯзони як мадраса дар ноҳияи Айнӣ, ки барои сабтином ба маркази вилояти Суғд мерафтанд, ҷони худро аз даст доданд.
Марҳилаи сабти довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аз аввали моҳи март оғоз шуд ва то 15 апрел идома хоҳад дошт. Маркази миллии имтиҳонот пештар эълом карда буд, ки дар 20 нуқта дар марокизи вилоёту шаҳрҳо ва навоҳӣ бунгоҳҳои сабти довталабонро таъсис додааст.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Раҳмонов, то 31 март дар саросари Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор нафар аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо сабтином шудаанд. Ҳарчанд то поёни муҳлати сабтином фурсати андаке боқӣ монда, аммо ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат ҳеч мушкиле пеш нахоҳад омад.
Вай гуфт: "Мо имконоти фаннӣ ва нерӯи кории кофӣ дорем. Дар як рӯз ду то се ҳазор нафарро метавонем сабти ном кунем. Аз ин рӯ, фикр намекунам мушкиле дар заминаи сабти довталабон пеш ояд. То охири муҳлат имкон дорад то 50 ҳазор нафарро, ки қаблан пешбинӣ карда будем, ба сабт расонем."
Зимнан, шумори довталабони сабтшуда тақрибан як панҷуми афродеро ташкил медиҳад, ки қарор аст имсол аз таҳсил дар мадориси мутавассита фориғ шаванд. Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, шумори фориғуттаҳсилони соли ҷорӣ дар саросари кишвар беш аз 100 ҳазор нафар баровард шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, шумори довталабон аз ҷумлаи афроде, ки дар солҳои гузашта аз мадорис фориғ шуда, вале вориди донишгоҳҳо нашуданд, низ кам нест. Ин дар ҳолест, ки дар донишгоҳҳо ва муассисоти дигари олии Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор ҷой барои довталабон вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, Маркази миллии имтиҳонот тасмим дорад барои баргузории имтиҳоноти вурудӣ дар манотиқи мухталиф марокизи вижаи имтиҳонӣ низ таъсис диҳад. Шумори ин марокиз имкон дорад ба чиҳил адад бирасад. Ин ниҳод барои омӯзиши кормандони муваққатии ин марокиз ба мураббиён (тренерҳо) ниёз дорад.
Дар торнамои расмии Маркази миллии имтиҳонот омада, ки ин ниҳод барои истихдоми 40 мураббӣ барои омӯзиши кормандони муваққатӣ озмун эълом кардааст. Афроди интихобшуда аз ду то панҷ ҳафта (аз 19 май то 18 июн, бо имкони тамдид) барои кормандони муваққатӣ семинорҳои омӯзишӣ доир хоҳанд кард.
Мураббиён бояд мадраки таҳсилоти олӣ ва на камтар аз панҷ сол собиқаи кори омӯзгорӣ ва ҳамчунин таҷрубаи кофӣ дар заминаи баргузории имтиҳонот дошта бошанд. Манобеъи Маркази миллии имтиҳонот мегӯянд, ки ин афрод бояд забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва русиро низ хуб балад бошанд.
Маркази миллии имтиҳонот як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба манзури кунтрули раванди вуруд ба донишгоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз фасоди густарда, ки ҳамасола дар замони супурдани имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар мушоҳида мешуд, таъсис ёфтааст.
Ин ниҳод имсол бори аввал имтиҳоноти саросариро барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон баргузор мекунад. Ба гуфтаи соҳибназарон, худи ҳамин фароянд ҳам барои ин созмони тозатаъсис навъе имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб мешавад.
