Зиндагии душвори занони маҳрум аз таҳсил дар Хатлон

  • 8 Апрел, 2014
СарвинозImage copyrightBBC World Service
Image caption Сарвиноз мегӯяд, ки маҳрумият аз таҳсил ӯро дучори мушкилоти зиёде дар зиндагӣ кардааст

Омори расмӣ дар мавриди занон ва духтарони ба истилоҳ камсавод ва таҳсилнакарда дар ҳамоишҳо дар сатҳи давлатӣ дар вилояти Хатлон эълом нашудааст.

Ҳамчунин, масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ низ пажӯҳишҳое фарогир дар мавриди занон ва духтароне, ки аз таҳсил дар макотиб дар канор мондаанд, анҷом надодаанд.

Вале тавре ки аз суҳбат бо бисёре аз занону духтарони хатлонӣ бармеояд, шуморе аз онҳо аслан бо азоб навиштану хондан метавонанд ва бархе низ аслан хатту савод надоранд.

Бештари онҳо худро афроди бесавод ва таҳсилнакарда муъаррифӣ мекунанд. Сарвиноз Ҳакимова, яке аз чунин занҳо дар вилояти Хатлон аст, ки баъди талоқ бо шавҳар дубора ба манзили падар баргаштааст.

Хонуми Ҳакимова мегӯяд, ки ба хотири надоштани дониши зарурӣ бо мушкилоти зиёде дар зиндагӣ рӯбарӯст.

Ба гуфтаи вай, дар гузашта волидонаш ба ӯ иҷоза надодаанд, ки дар канори бародаронаш ба мактаб биравад. Афзун бар ин, ӯ мегӯяд, ки чаҳор хоҳари дигари ӯ низ таҳсил накардаанд.

Вай афзуд: "Падарам танҳо писаронро ба мактаб равон карда, вале мо чаҳор хоҳарро иҷоза надод, ки мактаб равем. Баъд аз он ки аз шавҳарам талоқ гирифтам, саъй кардам барои худ ҷойи коре пайдо кунам ва барои фарзандам тикаи нонеро ёбам, аммо пайдо кардани кор душвор аст."

Хонуми Ҳакимова мегӯяд, ки бидуни дониши кофӣ ва тахассус пайдо кардани шуғли муносибе душвор аст. Сарвиноз ҳоло 30 сол дорад, аммо мегӯяд, ки борҳо волидонашро мазаммат кардааст, ки замоне ӯро аз мактаб канор кашидаанд.

Аз сӯйи дигар, падари Сарвиноз ҳам барои ин иқдом худро ҳамеша назди ӯ ва духтарони дигараш гунаҳгор медонад. Аъзам Ҳакимов мегӯяд: "Дар вақташ нагузоштам, ки духтаронамон таҳсил кунанд ва хондану навиштанро биёмӯзанд, ҳоло садҳо бор аз ин корам пушаймон ҳастам."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳакимов гуфт пушаймон аст, ки духтаронашро ба мактаб надодааст

Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки шумори занону духтарони камсавод ва таҳсилнакарда дар вилояти Хатлон кам нест.

Масъулони Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон низ дар нишасте зимни арзёбии сатҳи таҳсил дар ин кишвар гуфтанд, ки дар муқоиса бо вилоёти Суғду Бадахшон сатҳи омӯзишу парвариш дар вилояти Хатлон пойинтар будааст.

Ба гуфтаи онҳо, донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ аз ин вилоят дар озмунҳо ва ҷашнвораҳо миёни шогирдони мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ва хориҷ аз он банудрат пирӯзиро ба даст меоранд.

Вале Хоналӣ Қурбонзода, раиси бахши маъориф ва илм дар вилояти Хатлон, гуфт, ки сол то сол шумори донишомӯзоне, ки аз ин вилоят дар озмунҳо ширкат карда ва пирӯзиро ба даст меоранд, афзоиш меёбад.

Аммо ба гуфтаи иддае аз ҷомеъашиносон, дар макотиби ҳамагонии ин вилоят сатҳи тадрис дар ҳоли уфт кардан аст.

Юсуф Муҳаммадзода, яке аз ин ҷомеъашиносон, мегӯяд ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ки дар ин вилоят дар соли 1992 оғоз ёфт, дар зиндагии иҷтимоъӣ ва сиёсии мардум таъсири манфӣ гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз паёмадҳои ҷанг бесавод мондани шумори қобили мулоҳизае аз сокинони ин минтақа аст.

Аксари мардум дар вилояти Хатлон ба кишоварзӣ машғуланд ва бо таваҷҷуҳ ба пешрафти фанноварӣ дар ин арса низ ниёз ба дониши ва тахассус вуҷуд дорад.

Таҳлилгарон яке аз сабабҳои вопасмондагии арсаи кишоварзӣ дар ин вилоятро низ камбуди мутахассисон ва сатҳи пойини дониш ва таҷрубаи бисёре аз кишоварзон медонанд.

Матолиби муртабит