Назарот: Рӯзи ҷаҳонии зан ва ҷойгоҳи занон дар Тоҷикистон

  • 7 Март, 2014
Занони тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption "Занони тоҷик дар ҷомеъа бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ ҳастанд"

Иддае аз занони тоҷик мегӯянд, ки Рӯзи байналмилалии занон ва ё Рӯзи модаронро як иди маснуъӣ барои мардуми тоҷик медонанд ва мегӯянд, ки таҷлил аз он танҳо дар шаҳрҳои марказӣ ба мушоҳида мерасад.

Аммо бархе дигар аз занон ин рӯзро барои боло бурдани ҷойгоҳи зани тоҷик дар ҷомеъа ва ҳамбастагии занону духтарон бо занони ҷаҳон муҳим медонанд.

Аз сӯйи дигар, иддае аз занон мегӯянд, ки дар шароити феълӣ, ки занон дар Тоҷикистон даргири мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ ҳастанд, ин рӯз барои аксари занон чун рӯзҳои маъмулӣ бо фаъъолиятҳое дар манзил ва ё мазореъи кишоварзӣ мегузарад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос:

Image copyrightBBC World Service

"Таҷлил аз "Рӯзи ҷаҳонии зан" аз даврони Шӯравӣ ба мо мерос монда ва аз он замон то ҳол мардуми тоҷик аз рӯйи одат аз ин гуна идҳо таҷлил мекунанд. Аслан ҳеҷ ҷои бадие надорад, ки мо дар ин рӯз модарон ва хоҳарону духтарони худро табрик гӯем ва ин рӯзи шодиву сурур аст.

Аммо барои ман таассуфовар аст, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон ва бо дастури раиси ҷумҳур аз чанд сол қабл рӯзи байналмилалии ҳамбастагии занон ба "Рӯзи модарон" табдил дода шуд, ки ин таҳқир ба он идда аз духтарон ва занонест, ки модар нестанд ва ё бо амри тақдир модар нашудаанд.

Ва ман гумон мекунам, ки ҳамон номгузории қаблӣ, ки иди ҳамбастагии занон буд, беҳтар буд ва дар ин рӯз тамоми занону духтаронро, сарфи назар аз модар будан ва ё набудани онҳо, табрик мекарданд.

Ҳамчунин, имрӯзҳо занони тоҷик бо мушкилоти фаврононе рӯбарӯ ҳастанд ва ҷойгоҳи зан ва духтар дар ҷомеъа на он қадар эҳсос мешавад.

Бавижа бо таваҷҷуҳ ба он ки вазъи иҷтимоъӣ аксари мардонро ба муҳоҷирати корӣ водор кардааст ва дар симои зан мо имрӯз танҳо фардеро мебинем, ки аксари бори рӯзгор, аз ҷумла тарбияти фарзанд ва дарёфти даромади рӯзгор, бар дӯши ӯст.

Ин омил дар рӯҳияи занон таъсироти манфӣ бар ҷой мегузорад. Ман бо вуҷуди ҳамаи ин тамоми занон ва духтаронро бо ин рӯз табирк мегӯям."

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони “Занони таҳсилкарда”:

Image copyrightBBC World Service

"Барои ман 8-март яъне "Рӯзи занон" аз давроне, ки модарам дар солҳои 1930-и мелодӣ машғули фаъъолиятҳое барои боло бурдани сатҳи худогоҳии занон ва мавҳи бесаводии онҳо буд, оғоз шуда ва то ҳол чун беҳтарин ид боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, иди 8 март барои ман беҳтарин рӯз аст, ҳарчанд мутаассифона як рӯз дар сол аст, аммо ин ид аст ва фикр мекунам то абад боқӣ мемонад.

Иди байналмилалии занон чун иди ҳамбастагии занони ҷаҳон ҳамеша чун рӯзи шодӣ барои хонаводаҳо барои фарзандон боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, имрӯзҳо бо шарофати Созмони Милали Муттаҳид, ки санадҳои зиёдеро барои занон ба тасвиб расондааст, занони тоҷик бо таҷлил аз ин рӯз бо занон ва духтарони кишварҳои чаҳон ҳамбастагии хешро нишон медиҳанд."

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат":

Image copyrightBBC World Service

"Ман фикр мекунам, ки ҳар иде бояд ба шакли табиъӣ бошад, чун иди Наврӯз. Иде, ки сохтаву сунъӣ шуд, аз ҳолати занон дида мешавад, ки онро бо қалбашон қабул надоранд.

Шояд дар хиёбонҳои Душанбе ва дар шаҳрҳои марказӣ, масалан Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хоруғу Хуҷанд, фазои идона, аз ҷумла гулхарӣ ва ҳадя харидан ҳукмфармо бошад. Аммо ман фикр намекунам, ки дар саросари кишвар ин рӯз ба як ҷашни умумӣ, яъне иди ҳамаи занҳо табдил шуда бошад.

Зеро аввал ин иди сохта аст ва дувум ин ки занону духтарони мо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд, ки шояд камтар дар мавриди ҷашн фикр кунанд. Аммо бо ин вуҷуд, агар ин рӯз боъиси болидарӯҳӣ ва хушҳолии модарону хоҳарони мо бошад, мо ҳам хушҳол ҳастем.

Вақте инсон барои зиндагӣ кардан ҳадаф дошта бошад, ҷойи корӣ доимӣ дошта бошад, аз лиҳози иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ тамоми шароит барояш фароҳам бошад, ҳар рӯз метавонад барояш бошад.

Ман шахсан дар чунин рӯзҳо ё идҳои сохта ҳеҷ эҳсосе надорам. Вале дар чунин вазъияте, ки баъд аз зимистони торик ва бечароғ барои мо тоҷикон баҳор омада ва нури офтоб моро гарм мекунад, барои мо ҷашн аст.

Бисёре аз занони тоҷик мегӯянд, ки имрӯзҳо аксари душвориҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон бар дӯши занон аст ва танҳо дар як рӯз бо таҷлил аз Рӯзи ҳамбастагии занон ва ё Рӯзи модарон дар ин кишвар наметавон ин мушкилотро ҳал кард."

Саъодати Азиз, ҳунарпешаи теотр:

Image copyrightBBC World Service

"Рӯзи занон ва ё Рӯзи модарон барои ман шахсан ёде аз кӯдакӣ аст, замоне ки падари бузургворам дар ин рӯз худаш ба кӯҳ мерафт ва барои модарам ва духтаронаш гули сияҳгӯш ва бойчечак меовард.

Ҳамчунин, падар он рӯз ҳамаи мо занон ва духтаронро намегузошт, ки ба пухтани ғизо даст занем ва худаш барои мо ғизо омода мекард.

Ман ҳунарпеша ҳастам ва агар дар гузашта дар ин рӯз падарам ва баъд аз издивоҷам шавҳарам ба ман гул армуғон меовард, ҳоло писарону духтарам ва наберагонам ба ман гул меоранд. Шодии мо модарон дар ин рӯз фарзандонамон ҳастанд.

Чун корам ҳунарпешагист, маъмулан дар бештари авқот дар Рӯзи занон ман дар саҳна ҳастам ва намоишномаҳоро барои занон ба унвони армуғон пешкаш мекунем. Имрӯз низ дар Рӯзи модарон намоишномаеро бо номи “Раъду барқ” дар теотри устод Лоҳутӣ пешкаши тамошочиён мекунем."

Матолиби муртабит