Зани хонашин ва интихобот: Огоҳии сиёсии бонувон дар чи сатҳ аст?
Image copyrightBBC World ServiceРухсорамоҳ номи мустаъори як зани 60-сола аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, ки мегӯяд дар интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта (6 ноябри 2013) ба марокизи раъйгирӣ нарафтааст.
Ба гуфтаи ӯ, мардони хонаводаашон, ки суннатӣ ҳастанд, ба занону духтарон иҷоза намедиҳанд, ки ҳатто дар интихобот ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назари худ раъй диҳанд.
Русхсорамоҳ афзуд, ки боре ҳам ба маркази интихоботӣ нарафтааст: "Дар бораи интихобот аз телевизиюн огоҳ мешавам, ки бояд ҳар як нафар худаш раъй диҳад, вале занони хонаводаи мо иҷоза надоранд, ки ба ҷойҳое, ки онҷо мардҳо ҳастанд, бираванд, бахусус интихобот."
Дар ҳамсоягии Рухсорамоҳ занони дигаре низ аз хонаводаҳои суннатӣ ҳастанд, ки дар интихобот ширкат намекунанд ва ҳатто вакили худашонро намешиносанд.
Соҳибназарон мегӯянд, дар вилояти Хатлон на танҳо суннатӣ будани хонаводаҳо, балки омилҳои дигаре низ ҳаст, ки занону духтаронро аз тадобири муҳимми сиёсӣ дур кардааст.
Пажӯҳиши тоза
Пажӯҳиши як созмони ғайридавлатӣ дар Хатлон ҳокист, ки бисёре аз занони рустоии хонанишин аз сиёсат ва тадобири муҳимми сиёсӣ огоҳӣ надошта ва моҳияти интихоботро ҳам дарк намекардаанд.
Созмони мавсум ба “Рушд” ин пажӯҳишро дар ҳаволии шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, анҷом дода ва натоиҷи онро зери унвони "Зани хонанишин ва интихобот" интишор додааст.
Ин созмон дар зарфи се моҳ миёни занони рустоии хонанишин дар 11 рустои ҷамоъати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар назарсанҷӣ анҷом дода ва ба чунин натиҷа расидааст.
Пажӯҳиш ҳокӣ аз он аст, ки 64 дар сад аз занони хонанишини ин ҷамоъат, ки шумораашон 124 нафар аст, гуфтаанд, ки онҳо дар интихоботи риёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 2013 ба марокизи раъйгирӣ нарафтаанд.
Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, ки 62 дар сад аз занон гуфтаанд, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз номи онҳо аъзои дигари хонавода ва ҳатто ҳамсояҳо низ раъй додаанд.
Шумори мардҳое, ки аз номи духтарон ва занҳои дигари хонавода раъй додаанд, 115 нафар буда, ки ин рақам 92,8 дар сади пурсидашудагонро ташкил медиҳад.
Дар миёни заноне, ки назарсанҷӣ шудаанд, 36 дар сад гуфтаанд, ки дар иннтихоботи риёсати ҷумҳурӣ ширкат кардаанд ва 37,5 дарсад гуфтаанд, ки онҳоро барои рафтан ба марокизи раъйгирӣ водор кардаанд.
'Интихобот кори мардон аст'
Шуморе аз занон ба хотири дар муҳоҷират будани мардҳо ба марокииз раъйгирӣ рафтаанд. Бархе аз онҳо гуфтаанд, ки фикр кардаанд барои онҳо дар марокизи раъйгирӣ зиёфат омода кардаанд ва ба ҳамин хотир ба он ҷо рафтаанд.
Заноне, ки умуман ба интихобот нарафтаанд, омили нобаробарии ҳуқуқии зану мардро дар хонаводаҳои суннатӣ ба унвони далели нарафтан ба интихобот матраҳ кардаанд.
Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт: "Вақте ки дар хона мард бошад, зан ба интихобот намеравад. Арӯси ҷавон бояд аз дарвозаи шавҳар берун наравад. Интихобот бароямон муҳим нест ва аз хонаводаи мо фақат як нафар мард ба раъйдиҳӣ меравад."
Ин дар ҳолест, ки масъулини созмони ғайридавлатии мавсум ба “Рушд” дар шаҳри Қурғонтеппа мегӯянд раъйдиҳи як нафар ба ҷойи афроди дигар дар моддаи 30 қонун дар бораи интихобот мамнӯъ шудааст.
Юсуф Муҳаммадзода, раиси созмони “Рушд”, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин таҳқиқот омӯзиши ширкати занони рустоӣ дар интихоботҳо мебошад.
Оқои Муҳаммадзода мегӯяд: "Таҳқиқоти анҷомшуда як моҳ баъд аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва дар назарсанҷӣ аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ мисол овардем, вале ҳадаф омода кардани занони рустоии хонанишин ба интихоботҳои порлумонӣ мебошад."
Вай афзуд: "Бояд занони рустоӣ аз сиёсат огоҳ бошанд ва барои раъйдиҳӣ ба марокизи интихоботӣ бираванд. Мардҳо, ки дар муҳоҷират ҳастанд, занон ҳамеша дар русто мебошанд, бояд дар интихобот ширкат кунанд."
Интихобот чи дод?
Дар ҷараёни ин таҳқиқот ба занон суол дода шуд, ки ширкаташон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба онҳо чӣ додааст? Ба ин суол 20 нафар ҷавоб гуфтаанд, ки интихобот ҳеҷ чиз надодааст. Дар миёни посухҳои мухталиф панҷ нафар гуфтаанд, ки интихобот бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард.
Аз сӯйи дигар, Юсуф Муҳаммадзода, гуфт заноне, ки дар ин таҳқиқот назарсанҷӣ шуданд, дарк кардаанд, ки ширкати онҳо дар интихобот зиндагии онҳоро тағйир медиҳад.
Оқои Муҳаммадзода мегӯяд: "Аксари заноне, ки аз раъйдиҳӣ огоҳ шудаанд, амалан дар он ширкат карда ва натиҷаи орои дохили сандуқҳоро ҳам худашон шумурда, аз интихобот огоҳии бештар пайдо кардаанд. Баъди давраҳои омӯзишӣ бо ин занон назари онҳо дар мавзӯъи интихобот ва раъйдиҳӣ иваз шуд."
Масъулини созмони “Рушд” гуфтаанд, ки пажӯҳиш дар мавзӯъи "Зани хонанишин ва интихобот" бо кумаки молии Сандуқи Конодо барои ибтикороти маҳаллӣ анҷом шудааст.
Масъулини ин созмон гуфтаанд, ки онҳо дар сурати пайдо кардани сарпараст дар дигар шаҳру навоҳӣ низ занони рустоиро барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2015 омода месозанд.
Ин таҳқиқот аввалин бор дар мавзӯъи интихобот дар ин вилоят аст, аммо ҳамин созмон дар мавзӯъи чандзанӣ низ дар соли гузашта пажӯҳише анҷом дода буд.
