Вазорати беҳдошт: 'Зоимон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст'

  • 16 Январ, 2014

Вазорати беҳдошт ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон аз афзоиши мизони зоимон дар соли 2013 дар ин кишвар хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар соли гузашта ҳудуди 20 ҳазор кӯдаки навзод дар Тоҷикистон бештар аз соли қабл ба дунё омадаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони ин вазорат, танзими мизони таваллуди кӯдак дар манзил дар Тоҷикистон панҷоҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Шералӣ Раҳматуллоев, раиси бахши беҳдошти модару кӯдак ва танзими хонаводаи ин вазорат, рӯзи панҷшанбеи 16 январ гуфт, ки дар соли 2013 дар Тоҷикистон беш 236 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст.

Вай афзуд: “Ин дар ҳолест, ки дар соли 2012 ҳамагӣ беш аз 217 ҳазор мавриди зоимон дар Тоҷикистон сабт шуда буд ва сол то сол шумори зоймон дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.”

Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, дар ин даврон ҳамчунин танҳо 12 ҳазор зоимон дар манзил сабт шудааст, ки дар муқоиса бо соле пеш панҷоҳ дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Ин масъули вазорат сабаби аслии зоимон дар манзилро набуди роҳҳои иртиботӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки аксаран дар манотиқи дуруфтодаи кӯҳистонӣ, аз ҷумла навоҳии Тавилдара ва Ҷиргатол, ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд занон дар манзил кӯдак ба дунё меоранд.