Кумаки шаҳрдории Душанбе ба занони хиёбонрӯб ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан

  • 6 Март, 2014
Занони хиёбонрӯбImage copyrightBBC World Service
Image caption Коршиносони иҷтимоъӣ фаъъолияти занони хиёбонрӯбро сангин медонанд

Шаҳрдори Душанбе дар остонаи таҷлил аз Рӯзи модарон ё Рӯзи ҷаҳонии зан барои тақдир аз фаъъолияти занони хиёбонрӯби пойтахт, аз будҷеи шаҳр беш аз як милюну 65 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.

Тибқи хабари шаҳрдории Душанбе, ки рӯзи панҷшанбеи 6 март пахш шуд, ин маблағ дар миёни беш аз 2130 нафар аз занон ва духтарони хиёбонрӯби Душанбе тавзеъ хоҳад шуд.

Тавре ки Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, мегӯяд, ин маблағ рӯзи панҷшанбеи 6 март дар як нишасте дар робита бо Рӯзи модарон ба занони фаъъол дода мешавад.

Рӯзи кории аксари занони хиёбонрӯби шаҳри Душанбе аз соъати 03:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад ва бисёре аз ин занон дар тӯли рӯз машғули поксозии хиёбонҳо ҳастанд.

Ҳамчунин, ин занон барои муроқибат аз боғҳо ва гулшинонӣ дар онҳо низ муваззаф буда ва бавижа фаъъолияти онҳо дар фасли зимистон сангинтар ба назар мерасад. Бо ин вуҷуд, маъоши моҳиёнаи занони хиёбонрӯб аз 400 то 700 сомонӣ ё муъодили 90 то 150 дулори омрикоӣ аст.

Соҳибназарон бо таваҷҷуҳ ба қимати коло ва маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон ин маблағро барои гузарони зиндагӣ ночиз медонанд ва ин омил мунҷар ба он мешавад, ки бисёре аз сокинони марди Тоҷикистон аз интихоби ин шуғл канорагирӣ кунанд.

Ҳарчанд бисёре аз занони хиёбонрӯби Душанбе аз маъоши худ розӣ буда ва аз душвориҳо ва сангин будани кораш шикоят намекунанд, вале бархе аз занон бо ишора ба сангин будани корашон, ҳуқуқи худро ночиз медонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ба фаъъолияти поксозии хиёбонҳо машғуланд, маъоши онҳо дар Русия барои хиёбонрӯбӣ аз 500 то як ҳазор дулорро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар Русия барои афроде, ки ба поксозии хиёбонҳо машғуланд, макони зисти ройгон низ фароҳам мешудааст ва аз ин рӯ, аксари хиёбонрӯбҳо дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ва шаҳрҳо ва навоҳии дигари он кишвар аз ҷумлаи сокинони таҳсилкарда Тоҷикистон ва соири кишварҳои Осиёи Миёна будаанд.

Ин нахустн бор нест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз фаъъолияти занон ва духтарони хиёбонрӯб бо эътои пул ба онҳо қадрдонӣ мекунад. Авоили моҳи феврал низ, ки барфи зиёде дар Душанбе борид, шаҳрдорӣ ба занони хиёбонрӯб кумакҳои молӣ ироа карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Махфират Хидирова, раиси Кумитеи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон, низ тасмим гирифтааст, ки ба занони зиндонӣ кумакҳое ба муносибати рӯзи содар ироа кунад.

Хабаргузории маҳаллии Озодагон аз қавли Парвин Ализода, сухангӯи Идораи умури зиндонҳо, оварда, ки хонум Хидирова ба занҳои маҳбус дастгоҳҳои дӯзандагӣ, рӯймол, ҷӯроб ва шириниҳо туҳфа мекунад.

Ба гфтаи хонум Ализода дар зиндони занон дар шаҳри Норак беш аз 300 маҳбуси зан давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунанд. Масъулони идораи уури зиндонҳо низ ба онҳо, аз ҷумла барои кӯдаконашон, ки дар зиндон таваллуд шудаанд, ҳадоёе ироа додаанд.

Матолиби муртабит