Коҳиши худкушии занон дар вилояти Суғд

  • 18 Феврал, 2014
ХонаводаImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар хонаводаҳои тоҷик занон умдатан ба тарбияти кӯдакони худ машғул ҳастанд

Дар соли гузашта дар вилояти Суғд коҳиши мизони худкушии занон мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулони устондории Суғд, дар соли 2013 танҳо 128 нафар аз занон худкушӣ карда ва ҷони худро аз даст додаанд. Дар соли 2012 ин рақам муъодили 143 нафар буд.

Бо ин вуҷуд, масъулони устондорӣ аз зиёд будани мавориди худкушӣ дар миёни занон изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки маъмулан занон дар пайи хушунати пайвандонашон, бавижа латукӯби шавҳари худ, ба ин иқдом даст мезананд.

Дар як ҳамоиши вижа дар ин робита гуфта шудааст, ки бозрасии ҳамаи мавориди худкушии занон нишон додааст, ки дар нуҳ маврид занҳо ба дунболи таҳқир ва лату кӯби шавҳарон ва дар ҳафт маврид занҳо дар пайи муноқиша бо модаршавҳарони худ ба худкушӣ даст задаанд.

Манобеъи устондории Суғд мегӯянд, ки дар ҳмаи маворид сатҳи пойини дониш ва огоҳии занон ва пайвандони онҳо ба худкушии занон кумак кардааст.

Барои рафъи чунин вазъ аз ҷумлаи коршиносон, намояндагони расонаҳои маҳаллӣ ва занҳои фаъъол гурӯҳи корие таъсис шудааст, ки бояд барои ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот талош ба харҷ бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки тӯли солҳои ахир омори расмӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мизони худкушӣ дар миёни сокинони вилояти Суғд дар муқоиса бо манготиқи дигари Тоҷикистон пайваста бештар аст.

Коршиносон далели ин амрро ба сатҳи беҳтари зиндагии сокинони шимоли Тоҷикистон дар гузашта ва таъсири шароити бади зиндагии кунунӣ рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ахиран Сиддиқ Эгамов, як сокини 49-солаи маҳаллиро, барои лату кӯби пайвастаи ҳамсараш барои панҷ сол равонаи зиндон кардааст.

Манобеъи додгоҳи ин ноҳия гуфтанд, ки дар пайи баррасии ин парванда собит шудааст, ки оқои Эгамов тӯли солҳои ахир ҳамсари худ Муяссар Эгамоваро пайваста лату кӯб мекардааст.

Вале хонуми Эгамова, ки се фарзанд дошт, тайи ин солҳо аз шикоят алайҳи шавҳари худ худдорӣ мекард. Зимнан, ин зану шавҳар ҷойи кори доимӣ надоштаанд ва Сиддиқ Эгамов пайваста машруботи алкулӣ масраф мекардааст.

Зимнан, устондории Суғд теъдоди афродеро, ки пайваста машруботи алкулӣ масраф мекунанд ва расман ба унвони муътод ба алкул сабт шудаанд, ҳудуди ду ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.

Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба созмони бонувони мавсум ба “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд 258 нафар аз занони вилоят муроҷиъа кардаанд, ки мавриди хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла лату кӯби шавҳарони худ, б вижа дар ҳолати мастӣ, қарор гирифтаанд.

Матолиби муртабит