Ду мавриди занозории бадфарҷом дар як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон
Пулиси Тоҷикистон аз афзоиши эъмоли хушунат алайҳи занон дар як ҳафтаи ахир хабар додааст. Аз ҷумла, бар асари хушунат як зани ҷавон ҷони худро аз даст додааст.
Тавре ки сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода, дар як даъвои хонаводагӣ дар ноҳияи Панҷ, дар ҷануби Тоҷикистон, як зан ба дасти шавҳари худ кушта шудааст.
Дар хабари дигари пулис омада, ки кормандони ин ниҳод дирӯз як сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони занаш боздошт кардаанд.
Таҳқиқи муқаддамотӣ мушаххас карда, ки ин марди 36-сола ҳамсари худро нуҳ маротиба ба зарби чоқу захмӣ карда ва дар натиҷа, зан дар вазъи вахиме дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ба гуфтаи пулис, ин мард ба ишками худ низ як зарби чоқӯ задааст. Кормандони пулис гуфтаанд, ки дар робита бо ин ҷароим парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд.
Давлати Тоҷикистон соли 2012 барои маҳви занозорӣ дар ин кишвар қонунеро ба тасвиб расонд. Аммо бо ин вуҷуд, то ҳол мавориди зиёде аз занозорӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба мушоҳида мерасад.
Бисёре аз ҷомеъашиносон мегӯянд, ки вобастагии иқтисодии занон ба мардон бисёре аз занонро дар маърази хушунат ва занозории мардон қарор додааст.
