Муъаррифии кутуби ҷадиди адабиёти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои бори нахуст шаш китоби донишмандони ҳуқуқшиноси ин кишвар дар заминаи адабиёти ҳуқуқӣ мунташир ва муъаррифӣ шудааст.
Ин адабиёт аз кутуби дарсӣ дар заминаи қонун ва ҳуқуқ иборат буда ва муаллифони онҳо аз ҷумлаи устодони Донигоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд.
Адабиёти ҳуқуқӣ бо мусоидати намояндагии Сандуқи УруОсиё дар Тоҷикистон мунташир шуда ва рӯзи душанбеи 9 декабр маросими муъаррифии он доир шуд.
Ин созмон дар заминаҳои мухталиф дар Тоҷикистон, аз ҷумла, ҳимоят аз вазъи кӯдакони осебпазир, таъмини шаффофияти будҷа, мусоъидат ба соҳибкорӣ ва тавсеъаи расонаҳои фаъъолятҳо анҷом медиҳад.
Баҳром Абдуллоев, ҳамоҳангсози барномаи "Баробарии қонунӣ ва дастрасӣ ба адолат"-и ин созмон ҳадафи кумак ба нашри кутуби ҳуқуқиро чунин шарҳ дод: "Мо дар чорчӯби барнома ду ҳадаф, яъне кумаки ҳуқуқӣ ба афроди осебпазир ва наздик кардани қонуни мо бо истондортҳои байналмилалиро қарор додем. Ба хотири пиёда сохтани ҳадафи дуввум, мебояд ки устодони бахши ҳуқуқи донишгоҳҳои мо низ дуруси ҳуқуиро аз назари ҷадиди байналмилалӣ ва дар чорчӯби қонуни мавҷуда дар кишвар тадрис кунанд."
Оқои Абдуллоев афзуд, ки муаллифони кутуб қаблан дар Филонд, яке аз кишварҳои пешрафта дар заминаи ҳуқуқӣ давраҳои бозомӯзиро барои андухтани таҷрибаи он кишвар пушти сар карда ва сипас ин кутубро таълиф кардаанд.
Муалифони кутуб дар се бахш мухтасар маводди мавҷуда дар кутубро ба ҳозирин, аз ҷумлаи устодони донишгоҳҳои мухталифи вилоёти Тоҷикистон шарҳ доданд.
Дуктур Ашурбой Имомов, ҳуқуқшиноси маъруф ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муалифи яке аз кутуби тозанашр мегӯяд, ки бо бархе аз ин кутуб устодон тадрисро оғоз кардаанд.
Оқои Имомов дпар мавриди зарурати ин кутуб барои донишҷӯён афзуд: "Ин кутуб барои боло рафтани дониши ҳуқуқии донишҷӯён як иқдоми хубе аст. Аз ҷумла китоби Холмуҳаммад Ойев, ки "Ҳуқуқи мурофеъаи маъмулии ҷумҳурии Тоҷикистон" ном гирифтааст, метавонад як дастури хеле ҷолибе барои устодон ва шогирдон бошад."
Оқои Имомов ҳамчунин кутуби дигари мунташиршударо барои бахши тадрис дар донишгоҳҳо муфид хонд.
Бисёре аз ҳуқуқдонҳо яке аз сабабҳои мавҷудияти мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи занон ва кӯдаконро камсаводии ҳуқуқии ин қишри ҷомеъа унвон мекунанд.
Шараф Бадалов муалифи ду китоб бо номҳои "Ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар чорчӯби қонуни хонаводагии Тоҷикистон" ва “Ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак дар қонуни хонаводагии Тоҷикистон" мегӯяд, ки бо дарназардошти костагӣ дар тадриси бархе аз бахшҳои ҳуқуқӣ дар донишгоҳҳо, аз ҷумла камбуди мавод дар мавриди ҳуқуқи занону кӯдакон ин кутубро таълиф кардааст.
Оқои Бадалов мегӯяд: "Бештари маводде ки дар бахши тадриси ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқи зан ва кӯдак дар донишгоҳҳо истифода мешавад, ҳануз аз даврони Шӯравӣ ба мерос монда ва дар чорчӯби ҳуқуқи хонаводагӣ омӯзиш меёфт. Бо нашри кутуби ҷадид мо метавонем мушкилотеро, ки ҳоло дар заминаи ҳуқуқи ин қишри ҷомеъа ҷой дорад, тадрис кунем."
Оқои Бадалов мегӯяд, ки ҳадаф аз тарбияти мутахассисон бо шеваи ҷадид дар донишгоҳҳо омода кардани ҳуқуқшиносони варзида барои ҷомеъа аст.
Зеро вай меафзояд, ки ин ҳуқуқшиносон дар оянда барои бедории ҳуқуқии занон ва ҷавонон дар Тоҷикистон замина хоҳад гузошт.
Кутуби ҷадиди ҳуқуқӣ барои тадрис дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон бо ҳудуди 500 адад нашр шуда ва ба китобхонаҳои донишгоҳҳо ирсол хоҳад шуд. Аммо муалифони онҳо мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба дархостҳои бештаре ба ин кутуб имкон дорад дар оянда ин адабиёт аз нав мунташир шавад.
Ҳарчанд нашри ин кутуб то андозае камбуди маводди омӯзиши барои донишҷӯёни бахши ҳуқуқӣ дар ин кишварро беҳбуд мебахшад, аммо гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон камбуди китоби зарурии замонавӣ ба забони давлатӣ барои донишҷӯён эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ аксаран донишҷӯён ба ҳангоми омӯзишӣ фуннуни мухталиф ва супоридани имтиҳонот водор мешаванд, ки маводди заруриро ба забонҳои дигар аз интиернет пайдо ва истифода кунанд.
