Интишори нахустин дастурамали расидагӣ ба шикоёти шиканҷа дар Тоҷикистон

  • 27 Ноябр, 2013
шиканҷа, дастбанд
Image caption Коршиносон мегӯянд, бемасъулиятии иддае аз раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ, мавҷудияти фасод дар ин ниҳодҳо ва ғайриҳирфаӣ будани бисёре аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз далоили аслии вуҷуди шиканҷа дар ин муассисот аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 27-уми ноябр дар шаҳри Душанбе “Дастурамали маъмурони интизомӣ барои ҷилавгирӣ ва таҳқиқи шиканҷа” дар Тоҷикистонро муъаррифӣ кардаанд.

Муаллифи ин дастурамал Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ва Муҳаммадризо Халифазода, мудири бахши назорат бар иҷрои қавонин дар ниҳодҳои умури дохилаи ин кишвар дар ин ҷузва, наҳваи сабти нақзи қавонин ва муқаррароти баррасии шикоётимарбут ба шиканҷа, шеваи таҳқиқи муқаддамотӣ ва наҳваи таҳияи аснод барои боз кардани парвандаи ҷиноиро пешниҳод мекунанд.

Қабл аз мунташир шудани ин ҷузва дар Тоҷикистон, онро аввал коршиносони байналмилалии Сандуқи Ҳелсинки баррасӣ кардаанд.

Дар ин ҷузва ҳамчунин роҳнамои додситонҳо барои тасмимгирӣ дар сурати ворид шудани шикоёти марбут ба шиканҷа аз фарди муттаҳам дар ҷараёни муҳокимаи парванда дар додгоҳ, пешниҳод шудааст.

Ин нахустин дастурамалест, ки дар кишварҳои собиқи шӯравӣ дар бораи наҳваи расидагӣ ба шикоёт ва таҳқиқи ҷиноёти марбут ба шиканҷа мунташир мешавад.

Барои таҳия ва интишори ин дастурамал Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Сандуқи байналмилалии Сурус ва Маркази ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мусоидат кардаанд.

Зимнан, Тоҷикистон дар соли 2012 гузориши дувуми давраии худро дар бораи иҷрои таъаҳҳудоташ дар заминаи Кунвенсиюни мубориза бо шиканҷа дар ин кишвар ба Кумитаи алайҳи шиканҷаи СММ муъаррифӣ карда буд.

Сипас ин кумита ба давлати Тоҷикистон тафсияҳои худ дар робита ба тасреъи раванди мубориза бо шиканҷа дар кишварро ироа кард.

Дар соли 2012 давлати Тоҷикистон моддаи марбут ба муҷозоти шиканҷаро ба қонуни кайфарӣ изофа кард ва коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ин дар ин кишвар додгоҳҳо чанде аз маъмурони интизомиро барои истифода аз зӯр алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён равонаи зиндонҳо кардаанд.

Аммо мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд бо ишора ба мавҷудияти мавориди бештаре аз шиканҷа дар Тоҷикистон муҷозот шудани чанд нафар барои ин кирдорро ночиз медонанд.

Ба гуфтаи онҳо бемасъулиятии иддае аз раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ, мавҷудияти фасоди густарда дар ин ниҳодҳо ва ғайриҳирфаӣ будани бисёре аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз далоили аслии даст ба шиканҷа задани кормандони ин муассисот аст.

Дар гузоришҳои солиёна дар бораи мавҷудияти шиканҷа дар ҷаҳон, Тоҷикистон ҳамчунон дар миёни кишварҳоест, ки дар онҳо шиканҷа то ҳол маҳв нашудааст.

Матолиби муртабит