Ҳукми додгоҳ: Вазорати кишвар ба модари Шодиев ғаромат пардозад

  • 19 Ноябр, 2013
Баҳриддин Шодиев захмӣ
Image caption Баҳромиддин Шодиев баъд аз боздошт аз сӯйи пулис ҷароҳат бардошта ва сипас дар бемористони шаҳр даргузашт

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев 15 ҳазор сомонӣ, ки муъодили 3 ҳазор дулор будааст, ғаромат пардохт кунанд.

Дар ин бора Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи модари Баҳромиддин Шодиев, ки соли 2011 дар яке аз боздоштгоҳои шаҳри Душанбе ҷароҳоти сангин бардошта ва сипас дар бемористон ҷони худро аз даст дод, хабар дод.

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ шикояти Ниёзбибӣ Буриеваро пас аз зуҳри рӯзи душанбеи 18-уми ноябр ба суди шокӣ ҳалл кард.

Гулчеҳра Холматова, рӯзи сешанбеи 19 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҷониби шокӣ пардохти беш аз 180 ҳазор сомонӣ ҷубронро аз вазорат тақозо карда буд, вале қозӣ вазоратро ба пардохти дарсади хеле ночизи ин ғаромат муваззаф кардааст.

Аз ин рӯ ба гуфтаи хонуми Холматова имкон дорад шокӣ пас аз дастрас кардани қарори додгоҳ тасмим бигирад, ки ба додгоҳи истинофӣ муроҷиъат кунад. Ҳотамҷон Раҷабов, қозии парванда муҳокимаи шикояти Ниёзбибӣ Буриева дар бораи тақозои ғароматро дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз карда буд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва додраси онҳо низ аз ҳукми ахири додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ алайҳи ин вазорат норозӣ будаанд ва қасди бурдани шикоят аз болои ин ҳукмро кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии парвандаи Абдураҳмон Додов, бозраси парвандаи Баҳромиддин Шодиевро анҷом дода ва ин маъмури пулисро дар робита ба қазияи марги оқои Шодиев дар саҳлангорӣ муқассир донист ва ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард.

Оқои Додов, бозраси вазорати кишвари Тоҷикистон масъули таҳқиқи парвандае буд, ки дар ҷараёни он Баҳромиддин Шодиев, ки сокини шаҳри Душанбе буда ва 28 сол син дошт, баъд аз боздошт дар моҳи октябри соли 2011 дар бинои шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ҷароҳат бардошта ва сипас дар бемористони шаҳр даргузашт.

Мақомоти пулис гуфта буданд, ки Баҳромиддин ба занни дуздӣ боздошт шуда буд ва ба қасди фирор аз идораи пулис, худро аз панҷараи ошёнаи дувуми бино ба поён андохта ва захмӣ шуд. Вале пайвандони Баҳромиддин гуфта буданд, ки оқои Шодиев дар асари озор ва шиканҷа дар боздоштгоҳ маҷрӯҳ шуда ва ҷони худро аз даст додааст.

Дар ду соли ахир ин нахустин муҳокимаи додгоҳӣ набудааст, ки дар он шокиҳо аз ниҳодҳои давлатӣ дархости пардохти ғаромат барои эъмоли шиканҷа алайҳи наздикони боздоштӣ ва зиндониашон мекунанд.

Дар баҳори соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо судури як ҳукм, масъулони вазорати умури дохиларо водор ба пардохти 46.500 сомонӣ ғаромат ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов кард. Сафаралӣ Сангов, сокини шаҳри Душанбе ду соли қабл дар асари шиканҷаи пулис дар боздоштгоҳи ноҳияи Сино ҷон дода буд.

Дар ҳамин ҳол Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва Созмони Милали муттаҳид ҳамвора дар гузоришҳои мухталифи худ Тоҷикистонро дар миёни кишварҳое мегузоранд, ки боздоштшудагон ва зиндониён дар он аз озор ва шиканҷа ранҷ мебаранд.

Матолиби муртабит