Баёноти ғайримунтазираи "ҷабрдидагон" дар додгоҳи Тошев ва Ризоев

  • 23 Сентябр, 2013
Image caption Суннатулло Ризоев, маҳбуси тоҷик мегӯяд, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. (Акс аз телефуни мобили падараш)

Муҳокимаи додгоҳии парвандаи ду маҳбус дар Хуҷанд, ки дар тӯҳмат алайҳи маъмурони зиндон ва тарҳрезии нооромӣ дар инҷо муттаҳам шудаанд, бо баёноти ғайримунтазираи “ҷабрдидагони” парванда алайҳи маъмурони зиндонӣ, ранги дигар гирифт.

Қарор буд чаҳор зиндонӣ, ки ҷониби додситонӣ онҳоро ба унвони ҷабрдидаҳо ба ҷаласаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъват карда буд, алайҳи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду зиндонии дигар баёнот медоданд, аммо баръакс, дар пуштибонӣ аз онҳо алайҳи маъмурони зиндон баёнот доданд.

Маъмурони додситонӣ аз Давлатов Неъмат, Рустамов Илҳом, Аслиддин Маҳмадов ва Маҳмадтолиб Зоҳидов чаҳор зиндонӣ, қабл аз омадан ба ҷаласаи додгоҳ мабнӣ бар шокӣ будани онҳо аз рафтори оқоён Тошев ва Ризоев баёнот гирифтаанд.

Аммо дар ҷаласаи додгоҳӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт, ин афрод гуфтанд, ки баёнотро таҳти таҳдид ва озори зиндонбонҳо имзо гузоштаанд.

Онҳо исми Изатулло Шарипов, раиси бахши муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистонро дар миёни бархе дигар аз мақомоти зирабтро ба ин қазия дахил унвон карданд.

Ин афрод дар рӯбарӯи мақомоти додситонӣ ва зиндонбонони худ ба қозии парванда гуфтанд, ки дар натиҷаи таҳдидҳо, лату куби бераҳмона ва таҷовуз нишондодҳоро имзо кардаанд ва аброи ҳамин он гувоҳӣ доданҳо воқеъӣ нестанд.

Вукалои мудофеъи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев билофосила пас аз чунин баёноти “ҷабрдидагон”, ки ба сурати ғийримунтазира ба “шоҳидони” ҷониби мудофеъ табдил ёфтанд, аз қозии додгоҳ хостанд амнияти ин афродро пас аз бозгашташон ба боздоштгоҳ таъмин намоянд.

Image caption Муҳаммадшариф Зоҳидов, падари Маҳмадтолиб Зоҳидов гуфт, ки писараш аз ӯ хоҳиш кардааст, ба Хуҷанд биояд, зеро мехостааст, ҳузури падар дар толори додгоҳ ба ӯ ҷасорат бахшад.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъи Тошев ва Ризоев суханронии чанд нафар аз зиндониён алайҳи маъмурони зиндонро “қаҳрамонӣ” хонд.

Ӯ гуфт: “Онҳо медонанд, ки пас аз ҷаласаи додгоҳ боз ба зиндон рафта ва бо зиндонбонҳо як ба як мемонанд. Онҳо медонанд, ки дар зиндон фақат Худо ҳамроҳашон хоҳад буд, аммо аз миёни ҳақиқат ва зиндагӣ ҳақиқатро интихоб карданд.”

Муҳаммадшариф Зоҳидов, падари Маҳмадтолиб Зоҳидов ба Би-би-сӣ гуфт, ки қабл аз баргузории додгоҳ, писараш аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба Хуҷанд биёяд, зеро мехостааст ҳузури падар дар толори додгоҳ ба ӯ ҷасорат бахшад.

Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд ва ҳоло бо иттиҳоми “додани гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъъолияти муасисаи ислоҳӣ” муҳокима мешаванд.

Қарор буд ин зиндониён дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар зиндоне дар Душанбе ҷон дод, алайҳи маъмурони зиндон мабнӣ бар даст доштани онҳо дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода шаҳодат бидиҳанд.

Аммо онҳо аз Душанбе ба боздоштгоҳи вилояти Суғд мунтақил шуда ва дертар гузоришҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар боздоштгоҳи Хуҷанд интишор ёфт. Дар наворе видиюӣ, ки дар интернет мунташир шуд, гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.

Додситонӣ мегӯяд, ин гурӯҳи маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани зиндонбонҳо чунин наворҳоро таҳия ва бо иддаъоҳои “дурӯғин” дар вебсойтҳо ҷо додаанд.

Ин нахустин парвандаи марбут ба озору шиканҷа дар зиндон нест, аммо нахустин парвандаест, ки дар он маҳбусон ба сурати гурӯҳӣ алайҳи зиндонбонҳояшон шикоят кардаанд.

Бо дархости Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос ва вакили мудофеъи онҳо намояндаи додситонӣ ё даъвогар дар додгоҳ дар ин парванда иваз шуда буд.

Бори охир қозии парванда шикояти хонуми Воҳидова мабнӣ бар мулоқоти ғайриқонунии додситон бо шоҳидон дар зиндонро пас аз оғози мурофеъаи додгоҳӣ пазируфта ва қарор кард, ки то рӯзи 24-уми сентябр додситони дигар барои идомаи баррасии парванда дар додгоҳ таъйин шавад.

Матолиби муртабит