Эътироз ба додгоҳи марбут ба видиюи шиканҷа дар Хуҷанд

Ду маҳбус, ки дар иртибот бо нашри видиюи шиканҷа дар Хуҷанд муҳокима мешаванд, нисбат ба баргузории ҷаласоти додгоҳӣ дар сохтмони боздоштгоҳи ин шаҳр эътироз кардаанд.
Файзинисо Воҳидова ва Абубакр Қулматов, вукалои мудофеъи ин афрод, низ ҳамроҳ бо шуморе аз хешовандони онҳо, рӯзи душанбеи 25 август ба нишони эътироз ба ончи адами шаффофият дар ҷаласоти додгоҳӣ меноманд, толори муҳокимаро тарк кардаанд.
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусони муттаҳам ба нашри видиюи шиканҷа дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси созмони мавсум ба "Дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷа" аст, дар ин бора ба Би-би-сӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, писараш Суннатулло ва Садриддин Тошев, маҳбуси дигар, дар ҷаласаи додгоҳ, ки рӯзи душанбе дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аз қозии парванда хостаанд, ки ҷаласоти додгоҳӣ дар бинои додгоҳ баргузор шавад, то мардум ва рӯзноманигорон ҷараёни ин қазияро "аз забони худи маҳбусон шунаванд."
Файзинисо Воҳидова, яке аз вукалои мудофеъ низ, гуфт, ки ӯ ва ҳамкораш ба нишони эътироз толори муҳокимаро тарк кардаанд ва дар сурате, ки ҷаласаи оянда боз ҳам дар бинои боздоштгоҳ баргузор шавад, онҳо дар ҷаласоти додгоҳӣ ширкат нахоҳанд кард.
Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, ҷаласаи ояндаи додгоҳ қарор аст рӯзи чаҳоршанбе доир шавад. Вале ӯ дар баргузории ин ҷаласа дар толори додгоҳ ибрози тардид кард.
Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусон, мегӯяд: "Барои он намехоҳанд дар толори додгоҳ (ҷаласоти) муҳокимаро баргузор кунанд, ки мардум дар бораи фармони Иззатулло Шарипов (раиси идораи умури зиндонҳо) иттилоъ пайдо мекунанд, чунки мҳбусон бо фармони ӯ ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва мавриди лату кӯб қарор гирифтанд."
Оқои Одинаев, ки раиси созмони "Дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷа" аст, хостори он шуда, ки худи Иззатулло Шарипов, раиси идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, бозпурсӣ шавад ва дар ҷаласаи додгоҳ шаҳодат бидиҳад, зеро шиканҷаи зиндониён "бо дастури ӯ" анҷом шудааст.
Муҳокимаи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев аз нашри як видиюи шиканҷаи зиндониён дар Ютюб дар авохири соли милодии гузашта маншаъ мегирад. Ин видию шуморе аз зиндониёнро нишон медиҳад, ки андомҳои шиканҷашудаи худро нишон дода ва мегӯянд, ки мақомоти зиндон онҳоро мавриди шиканҷа қарор додаанд.
Аммо мақомот ин видиюҳоро тақаллубӣ хонда ва алайҳи ин ду нафар бар асоси моддаҳои 332 (қисми 2) ва 346 (қисми 2)-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми "расондани хабари бардурӯғ" дар бораи шиканҷа дар зиндон ва мухтал сохтани фаъъолияти зиндон парванда боз кардаанд.
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, мегӯяд, ки ин видию тақаллубӣ нест ва тавассути яке аз кормандони ниҳоди Омбудсмен ё Кумисари ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба берун дарз кардааст.
Аммо мақомоти зидахл ӯро муттаҳам ба нашри видию кардаанд ва ӯ ва аҳли хонаводааш мавриди таҳдиду фишори кормандони амниятӣ ва пулис қарор гирифтааст. Аз ҷумла дар як маврид нуҳ маъмури пулис ба манзили ӯ ворид шуда ва аҳли хонаводаашро таҳдид кардаанд.
Оқои Одинаев Иззатулло Шарипов, раиси идораи умури зиндонҳо, ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистонро дар амри интиқоли зиндониён аз Душанбе ба Хуҷанд дар пойизи соли гузашта ва шиканҷаи онҳо тавассути кормандони зиндон муқассир медонад.
Вай мегӯяд, ки агар ҷаласоти ояндаи муҳокима ба таври шаффоф ва дар толори додгоҳ баргузор нашавад, ӯ ва беш аз 700 нафар аз хешовандони зиндониёне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа шудаанд, даст ба эътирози густарда зада ва хостори истеъфои раисҷумҳур хоҳанд шуд.
