Боздошти як масъули зиндон ба занни ришваситонӣ
Бахши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як масъули зиндони ноҳияи Ёвон дар ин вилоятро бо занни ришваситонӣ боздошт кардааст.
Масъулони ин ниҳод алайҳи Исохон Қосимов, муъовини раиси ин зиндон, тибқи моддаи 319 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.
Ҷамшед Сангов, раиси ин ожонс дар вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин фард аз хонуми як зиндонӣ барои осон кардани ҷазои шавҳараш ду ҳазор 500 долури омрикоӣ талаб кардааст.
Оқои Сангов гуфт, вай замоне боздошт шуд, ки як ҳазор аз ин маблағро аз ин зан дарёфт мекардааст. Вай гуфт, ки ин фард ки рутбаи сарҳангду дорад, беш аз 20 сол корманди Вазорати додгустарии Тоҷикистон буда ва дар зиндони ноҳияи Ёвон фаъъолият мекардааст.
Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ин барои бори аввал дар вилоят аст, ки онҳо масъули зиндонро барои ситонидани ришва боздошт мекунанд.
