Боздошти падари яке аз зиндониёни 'шиканҷашуда' дар Хуҷанд

  • 26 Июл, 2013
Маҳмуроди Одина
Image caption Маҳмуроди Одина соъоте пеш дар шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст

Маъмурони пулис дар шимоли Тоҷикистон падари як зиндониро, ки дар пайи интишори видиюи шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳои ин кишвар муҳокима мешавад, боздошт кардааст.

Маҳмуроди Одина ҳамзамон аз масъулони Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, оқои Одина, ки ба манзури ширкат дар муҳокимаи додгоҳии писараш Суннатулло Ризоев ба шаҳри Хуҷанд рафта буд, соъоте қабл боздошт шуд.

Амиралӣ Икромзода, яке аз шоҳидони айнӣ ва бародари Ҳамза Икромзода, маҳбусе, моҳи сентябри соли гузашта дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе кушта шуд, рӯзи ҷумъаи 26 июл дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони пулис оқои Одинаро пеши чашми ӯ боздошт карданд.

Вай гуфт: "Мо дар назди таваққуфгоҳи мошинҳои боздоштгоҳи мувақаттии шаҳри Хуҷанд меистодем, ки як мошини дорои шишаҳои сиёҳ омад ва ду нафар аз он берун омаданд. Онҳо худро кормандони бахши 6-ум (6 отдел) муъаррифӣ карда ва аз оқои Одина хостанд, ки ҳамроҳи онҳо равад. Ӯ рад кард, сипас онҳо дастони вайро тоб дода, иҷборан савори мошин карданду бо худ бурданд."

Дар ҳамин ҳол, Абубакр Қулматов, вакили мудофеъи писари зиндонии оқои Одина, мегӯяд, ки Маҳмуроди Одина дар ҳоли ҳозир дар бинои додситонии шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва аз сӯйи бозрасон бозпурсӣ мешавад.

Оқои Қулматов афзуд: "Ба ман гуфтанд, ки ӯро бо дархости додситонии назорат бар иҷрои ҳукм дар зиндонҳо ба таври иҷборӣ ба ин муассиса оварданд. Ман қонунӣ ва ё ғарйриқонунӣ будани ин амалро баъд аз суҳбат бо оқои Одина шарҳ медиҳам."

Оқои Қулматов гуфт, тавре ки масъулони бахши додситонии назорат бар иҷрои ҳукм дар зиндонҳо ба ӯ тавзеҳ додаанд, ин ниҳод Маҳмуроди Одинаро барои бозпурсӣ эҳзор карда буд, аммо оқои Одина ин дастурро нодида гирифтааст.

Аммо оқои Одина гуфтааст, ки ҳеч гуна дастури катбӣ барои ҳозир шудан дар идораи додситониро қаблан дарёфт накардааст. Вай чанде қабл барои ширкат дар муҳокимаи додгоҳии писараш ба шаҳри Хуҷанд рафта ва дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда ширкат дошт.

Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду маҳбус, ки соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд, ба додани "гувоҳии бардурӯғ" ва "номураттаб сохтани фаъъолияти муассисаи ислоҳӣ" муттаҳам шудаанд.

Видиюи шиканҷаи шаш зиндонӣ, ки оқоён Ризоев ва Тошев ҳам аз ҷумла онон ҳастанд, дар авохири соли милодии гузашта дар сойти Ютюб мунташир шуд. Дар ин видию, ки тавассути телефуни ҳамроҳ сабт шудааст, шаш зиндонӣ андомҳои зарбхӯрдаи худро ба намоиш гузошта ва муддаъӣ шуда буданд, ки онҳо мавриди лату кӯби кормандони зиндон қарор гирифтаанд.

Интиқоли зиндониён аз Душанбе ба Хуҷанд, ки эътирозоти густардаеро аз сӯйи пайвандони зиндониён ба дунбол дошт, пас аз марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии дигар, дар пойизи соли гузашта сурат гирифт. Аҳли хонаводаи Икромзода зиндонбонҳоро ба қатли ӯ муттаҳам кардаанд, аммо мақомот ин иддаъоро рад мекунанд.

Дар видиюи мунташиршуда бархе аз зиндониён эълом крданд, ки Ҳамза Икромзода дар асари шиканҷаи масъулони зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе кушта шудааст. Ин зиндон дар маҳалле наздик ба иқоматгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Аммо додситонӣ гуфтааст, ки шаш маҳбуси зоҳиршуда дар видию бо машварати Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев "ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор дода ва барои бадном кардани мақомот" ин видиюро бо иддаъоҳои "дурӯғин" ба берун фиристодаанд.

Мақомҳои додситонӣ ҳамчунин Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоевро ба интишори ин видию дар сойтҳои интернетӣ муттаҳам кардаанд. Аммо оқои Одина ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ин видию тавассути як мудофеъи ҳуқуқи башар ба берун дарз кардааст.

Бархе аз мудофеъони ҳуқуқи башари байналмилалӣ нашри видиюи зиндониёни шиканҷашудаи тоҷикро "бисёр такондиҳанда" тавсиф карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин видию баёнгари фаҷоеъест, ки ҳамарӯза пушти милаҳои зиндон дар Тоҷикистон мегузарад.

Матолиби муртабит