Корманди пулис дар вилояти Хатлон муттаҳам ба эъмоли хушунат шудааст

  • 11 Июл, 2013
Пулис ва кӯдак
Image caption Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон дархост карданд, то ҷиҳати аз миён бурдани шиканҷа ва хушунат иқдомоти бештареро рӯйи даст гиранд

Додситонии вилояти Хатлон парвандае марбут ба даст доштани як корманди пулис дар хушунатро барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ироа додааст.

Масъулони ин ниҳод Нусрат Ёдгорови 27-сола, масъули пулиси шаҳри Сарбандро тибқи моддаи 143 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне шиканҷа муттаҳам донистаанд.

Музаффар Юсупов, сардори бахши парвандаҳои дорои аҳаммияти боло дар додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки таҳқиқоти додситонӣ мушаххас кард, ки ин пулиси 27-сола Ҷӯрабек Сатторови 37-сола, сокини шаҳри Сарбандро ба гумони дуздӣ ба бахши пулиси ин шаҳр меорад ва ӯро 7 соъат гурусна нигаҳ доштааст.

Ҳамчунин оқои Ёдгоров, Ҷӯрабек Сатторовро шадидан мавриди зарбу шатм қарор дода ва ба саломати ӯ осеб расондааст.

Ин нахустин бор нест, ки кормандони пулис дар вилояти Хатлон барои даст доштан дар шиканҷаи боздоштшудагон муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин тибқи гузоришҳо дар шаҳру шаҳристонҳои мухталифи Тоҷикистон низ мавориди зиёде аз даст задани кормандони пулис ва ниҳодҳои дигари интизомӣ ба хушунат алайҳи афроди боздоштшуда мушоҳида шудааст.

Ҳамчунин иддае аз сокинон аз хушунати кормандони пулис дар хиёбонҳо низ шикоят кардаанд. Аз ҷумла дар моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе аз сӯйи кормандони пулис чаҳор сокини ин шаҳр зарбу шатм шуда ва ба додситонии шаҳр аз ин маврид шикоят бурдаанд.

Дар соли 2012 дар пай рух додани чанд ҳодисаи хушунати пулис алайҳи афроди боздоштшуда ва фавти ин афрод, масъулони ниҳодҳои интизомӣ чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва кормандони муқассир дар ин ҷароимро ба додгоҳ кашида буданд.

Гуфта мешавад мавориди шикояти сокинони Тоҷикистон алайҳи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар ҳоли афзоиш будааст. Коршиносон ин амрро на ба афзоиши хушунат, балки ба афзоиши огоҳии ҳуқуқии сокинони кишвар марбут медонанд.

Иттлоъ дар мавриди ба додгоҳ кашидани корманди пулис дар вилояти Хатлон барои даст доштан дар хушунат дар ҳоле пахш мешавад, ки давлати Тоҷикистон ду рӯзи қабл дар иҷлоси 108-и Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар гузориш дод.

Гузоришҳо ҳокист, ки вазири адлияи Тоҷикистон зимни ироаи ин гузориш вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро муътадил арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон дархост карданд, то ҷиҳати аз миён бурдани шиканҷа ва хушунат дар ин кишвар иқдомоти бештареро рӯйи даст гиранд.

Матолиби муртабит