Додгоҳ як афсарро барои аххозӣ равонаи зиндон кардааст

  • 24 Июн, 2013
Нишонаи додгоҳӣ
Image caption Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, як сарвони пулиси тоҷикро барои аххозӣ маҳкум ба 16 сол зиндон кардааст

Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон як сарвони пулиси тоҷикро барои аххозӣ маҳкум ба 16 сол зиндон кардааст.

Қозии додгоҳ Шодибек Султоновро тибқи моддаи 316 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сӯиистифода аз мақом ва аххозӣ (вымогательство) муҷрим шинохт.

Оқои Султонов, раҳбарии шуъбаи мубориза бо маводди мухаддири бахши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонғонтеппаро бар уҳда доштаст.

Ҷамшед Сангов, раҳбари бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон, ба хабарнигорон гуфтааст, ки сарвон Шодибек Султонов бо сӯйиистифода аз мақоми хидматиаш ба таври иҷборӣ аз муҳоҷирон пул меситонидааст. Оқои Сангов мегӯяд, ки таҳқиқот мушаххас кардааст, ки вай бо чунин шева ҳудуди 350 ҳазор юруро ба даст овардааст.

Оқои Сангов гуфтааст, ки ду корманди дигари пулис низ дар ҳамдастӣ бо оқои Султонов муттаҳам буда ва ҳоло таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштаанд.

Аммо аз додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа гуфтанд, ки то ҳанӯз парвандаи ҷиноии ду нафар ҳамроҳони оқои Султонов ба ниҳоди онҳо нарасидааст.

Масъулини бахши вазорати умури дохила дар вилояти Хатлон низ аз суҳбат бо хабарнигорон дар мавриди маҳкум шудани як мақоми аршади ин бахш худдорӣ карданд. Сарвон Султоновро дар моҳи ноябри соли 2012 кормандони ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон боздошт карда буданд.

Бино ба хабари масъулони ожонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон дар соли 2012 ин ниҳод алайҳи ҳудуди даҳ нафар аз кормандони пулис парвандаҳои ҷиноӣ дар робита ба ҷароими мухталиф боз кардааст. Бархе аз ин парвандаҳо марбут ба ришваситонӣ будаанд.

Матолиби муртабит