Ҳукми додгоҳ алайҳи раиси бахши ҳизби наҳзат дар Хоруғ бетағйир монд

  • 19 Июн, 2013
Беназмӣ
Image caption Шерик Карамхудоев ва Дамон Ашӯров дар ширкат дар беназмии умумӣ дар шаҳри Хоруғ муттаҳам шудаанд

Додгоҳи истинофӣ ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон алайҳи Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ ва Дамон Ашӯровро бетағйир гузоштааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 10 майи соли ҷорӣ ин ду нафарро ба иттиҳоми созмон додани гурӯҳи ғайриқонунӣ, ширкат дар беназмии умумӣ ва ҳамли ғайриқонунии силоҳ мутаносибан ба 12 ва 14 сол равонаи зиндон карда буд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 18 июн, ҳайъати мушовараи ин додгоҳ шикояти вукалои мудофеъи ин ду нафарро баррасӣ карда ва ҳукми онҳоро бидуни тағйир гузоштааст.

Файзи Олӣ, вакили мудофеъи Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ гуфт, ки аз ин ҳукми Додгоҳи олӣ ба ниҳоди дигаре шикоят нахоҳад бурд.

Шерик Карамхудоев дар пайи амалиёти нерӯҳои давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда ва масъулони ҳизби наҳзат далели ин боздоштро “сиёсӣ” хонда буданд.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон зимни пахши як баёния гуфта буд, ки Шерик Карамхудоев раҳбарии як гурӯҳи 21-нафарии мусаллаҳро бар ӯҳда дошта ва ин гурӯҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ муқовимат кардааст.

Дамон Ашӯров, ки дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта аз пояш захмӣ шуда ва дар шаҳри Урумчии Чин мудово мешуд, дар моҳи январи соли ҷорӣ аз Чин ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ба дунболи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар ҳаволии шаҳри Хоруғ дар рӯзи 21 июли соли гузашта амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти омилони ин ҳодиса шурӯъ гардид.

Бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин амалиёт 17 сарбози нерӯҳои давлатӣ кушта ва 40 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мизони талафоти ҷонӣ дар миёни шурӯшиён 30 нафар эълом шуда ва 40 нафари онҳо боздошт шудаанд. Дар мавриди талафот миёни сокинони ғайринизомии шаҳри Хоруғ иттилоъи дақиқе пахш нашудааст.

Зимнан, дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Бадахшон Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар қатли Абдулло Назаров муҷрим шинохта ва мутаносибан барои 17 ва 16 сол равонаи зиндон карда буд.

Матолиби муртабит