Таниши лафзӣ миёни вукалои мудофеъи муҷримини 'ҳаводиси Хоруғ'

Ҳуқуқдон Файзи Олӣ ва яке аз вакилони мудофеъ дар парвандаи пурсарусадои Шерик Карамхудоев гуфтааст, имкон дорад Шӯҳрат Қудратов, ҳамкори худро барои “иддаъоҳои беасос”ба додгоҳ бикашад.
Файзи Олӣ ки рӯзи панҷшанбеи 20 июн, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Агар Шӯҳрат Қудратов исбот накунад, ки ман одоби адвокатиро вайрон кардаам, ман ӯро ба суд мекашам.”
Шӯҳрат Қудратов, ки Дамон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро ҳамроҳ бо Файзи Олӣ дар додгоҳ ҳимоят мекард, пас аз он, ки оқои Олӣ эълом кард, ки дигар намехоҳад аз ин афрод дар додгоҳ ҳимоят кунад ва назари интиқодии худро дар бораи яке аз муваккилошан иброз додшт, ҳамкорашро дар тахаллуфи одоби вакили мудофеъ муттаҳам кард.
Файзи Олӣ, вакили мудофеъ Дамон Ашӯров гуфт, ки муваккилаш дар ҷараёни таҳқиқи парванда аз ӯ мавориди роҳзанӣ бо силоҳ дар шоҳроҳи Тоҷикистону Чин ва Тоҷикистону Қирғизистон ва убури ғайриқонунӣ аз марзу ворид кардани силоҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро аз ӯ пинҳон доштааст.
Пас аз он ки рӯзи 19-уми июн додгоҳи истинофӣ ҳукми Додгоҳи олиро нисбати ӯ, ки 12 сол зиндон аст, бетағйир гузошт, Файзи Олӣ, вакили мудофеъи ӯ ба расонаҳо гуфт, ки ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қиболи Дамон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мунсифона будааст.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Дамон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев аз ин гуна мавзеъгирии Файзи Олӣ интиқод карда ва гуфт: “Ин ба ҳеч одоби адвокатӣ рост намеояд. Ин гуна фард набояд дар ҷодаи адвокатӣ кор кунад. Кадом адвокат мегӯяд, ки зерҳимояи ман ҷинояткор аст. Одатан адвокат аз ҳимоя даст мекашад, аммо зерҳимояро ҷинояткор намегӯяд.”
Зеро оқои Қудратов мегӯяд, дар ҷаласаи додгоҳ иддаъоҳо дар бораи даст доштани Дамон Ашӯров дар роҳзанӣ дар шоҳроҳи байналмилалӣ ва қочоқи силоҳ аз Афғонистон собит нашудаанд.
Ӯ гуфт, ибрози назарҳои Файзи Олӣ дар қиболи муваккилонаш дар таҷрубаи қазоии Тоҷикистон бесобиқа зеро, рафтори ӯ нисбат ба муваккилаш додситонро мемонад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 10 майи соли ҷорӣ Шерик Карамхудоев ва Дамон Ашӯровро ба иттиҳоми созмон додани гурӯҳи ғайриқонунӣ, ширкат дар беназмии умумӣ дар шаҳри Хоруғ ва ҳамли ғайриқонунии силоҳ мутаносибан ба 14 ва 12 сол равонаи зиндон карда ва додгоҳи истинофӣ низ шикоят аз ин ҳукро радд кард.
Бархе аз намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ, ки ба далели намояндаи ин ҳизб будани Шерик Карамхудоев дар шаҳри Хоруғ ба ин парванда таваҷҷӯҳ доранд, аз "тағйири мавзеъи" яке аз вукалои мудофеъ таъаҷҷуб кардаанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи аршади ин ҳизб дар Душанбе зимни ибрози таъаҷҷуб аз "тағйири мавзеъи" ин вакили мудофеъ гуфт, ки ҲНИТ аз замони боздошти Шерик Карамхудоев дар ҷараёни ҳаводиси шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта, ин қазияро “сиёсӣ” хонда ва ҳанӯз дар ин ақидаи худ устувор будааст.
Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли гузашта гуфта буд, ки Шерик Карамхудоев раҳбарии як гурӯҳи 21-нафарии мусаллаҳро бар ӯҳда дошта ва ин гурӯҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ муқовимат кардааст.
Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 июли соли 2012 ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши маҳаллии амният, дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, амалиёти густардаеро анҷом доданд.
Дар ин амалиёт, ки дар шаҳри Хоруғ, маҳалле пурҷамъият ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, бо истифода аз аслиҳаи сангин анҷом шуд, даҳҳо нафар, аз ҷумла шумори номушаххасе аз ғайринизомиён, кушта шудаанд.
Дар авохири моҳи феврали соли равон Додгоҳи вилояти Бадахшон, Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар қатли Абдулло Назаров, раиси пешини бахши амният дар ин вилоят, муҷрим шинохта ва бар асоси моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон мутаносибан барои 17 ва 16 сол равонаи зиндон карда буд.
