Додгоҳи Хуҷанд муҳокимаи шоҳидони шиканҷаро оғоз кард

  • 25 Июл, 2013
аск аз навори интернетӣ
Image caption Додситонӣ мегӯяд, ин навори интернетӣ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев саҳнасозӣ шудааст

Муҳокимаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар Хуҷанд бо барканории Нусратуллоҳ Рухсатуллоев аз намояндагии додситонӣ дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда оғоз шуд.

Оқоён Тошев ва Ризоев, ду зиндонӣ, ки соли гузашта аз Душанбе ва зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд, дар додани “гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъъолияти муасисаи ислоҳӣ” муттаҳам ҳастанд.

Вакилони мудофеъи ин афрод гуфтанд, ки муваккилонашон ба беғаразии Нусратуллоҳ Рухсатуллоев, ки ба унвони “айбдоркунандаи давлатӣ” дар додгоҳ ҳузур ёфт бовар надоранд ва аз қозӣ хостанд, ки додситониро дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда нафари дигаре намояндагӣ кунад.

Козии парванда ин дархости вакилони мудофеъи Тошев ва Ризхоевро қонеъ кард. Зеро ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, қарор аст Нусратуллоҳ Рухсатуллоев дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда ба ҳайси шоҳид ба додгоҳ даъват шавад.

Муҳокимаи парвандаи мазкур дар ҳоле оғоз шуд, ки Садриддин Тошев, яке аз муттаҳамон, тайи як моҳи ахир гуруснанишинӣ карда ва вакилони мудофеъ вазъи саломатии ӯ ва Суннатулло Ризоевро ногувор арзёбӣ мекунанд.

Ин зиндониён дар соли гузашта дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе дар асари шиканҷа, алайҳи зиндонбонҳо шаҳодат дода буданд.

Аммо қабл аз оғози муҳокимаи додгоҳии ин парванда, онҳо ба зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд. Қозии парвандаи марги Икромзода дархостҳои мукаррари пайвандони ӯро барои даъвати ин ду зиндонӣ ба додгоҳ ба унвони шоҳид радд карда буд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Садриддин Тошев мегӯяд, муваккилаш борҳо ба нишони эътироз гуруснанишинӣ карда ва тайи як моҳи ахир низ гурустанишинӣ кардааст.

Ӯ гуфт: “Онҳо худ ҷабрдидаи лату куб ва шиканҷа ҳастанд, вале додситонӣ онҳоро муҳокима мекунад. Муваккили ман ба унвони эътироз ба ин беадолатӣ гуруснанишинӣ карда ва вазъи саломатии ҳам Тошев ва ҳам Ризоев бад аст.”

Вакилони мудофеъ ва пайвандони Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба ин боваранд, ки парвандаи мазкур алайҳи ин ду зиндонӣ ғайриқонунӣ боз шудааст.

Абубакр Кулматов, вакили мудофеъи Садриддин Тошев мегӯяд, дар парвандаи мазкур таркиби ҷиноят ва далоил барои исботи иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш вуҷуд надорад.

Ин зиндониён дар он муттаҳам шудаанд, ки пас аз интиқол ёфтан ба зиндони Хуҷанд дар вебсойти “Youtube” навореро паҳн кардаанд, ки дар он гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.

Додситонӣ мегӯяд, ин маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани мақомот чунин наворҳоро бо иддаъоҳои “дурӯғин” тавассути падари Суннатулло Ризоев дар интернет ҷой додаанд.

Додситонӣ онҳоро дар “дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма” муттаҳам кардаанд.

Аммо Маҳмуроди Одина, падари Суннатоулло Ризоев, ки ҳамзамон масъули Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи марбут ба эътилоф Барои Демукросӣ ва Ҷомеъаи Шаҳрвандӣ аст, мегӯяд ин навор тавассути яке аз кормандони Омбудсмени Тоҷикистон аз зиндон берун оварда шудааст.

Ӯ ки ҳоло барои ширкат дар додгоҳи писараш дар Хуҷанд аст, дар сӯҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт: “Ҳоло алайҳи ман тибқи модаи 346, яъне паҳн намудани иттилоъи бардурӯғ парванда боз кардаанд. Ин овардани фишор ба падару мудоранони зиндониён аст. Онҳо худ ҷиноят кардаанд, акнун мехоҳанд садои маро низ бо ҳар восита хомуш кунанд. Аммо ман ҳамаи корро мекунам, ки онҳо дар пеши қонун ҷавобгар шаванд.”

Қарор аст, муҳокимаи ин парванда фардо дар сохтмони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Вакилони мудофеъи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев қасд доранд, аз қозӣ тақозо кунанд, ки муҳокимаи ин парванда дар толори додгоҳ ба сурати шаффоф баргузор шавад.

Матолиби муртабит