Озодии яке аз муттаҳамон ба пайравии ҷараёни мамнӯъи Салафия аз зиндон

Сироҷиддин Абдураҳмонов, муллақаб ба "Эшони Сироҷиддин", ки давлат ӯро яке аз пайравони бонуфузи равияи Салафия дар Тоҷикистон медонад, аз зиндоне дар шаҳри Душанбе озод шудааст.
Бар асоси иттилоъи идораи умури зиндонҳои вобаста ба Вазорати адлияи Тоҷикистон, оқои Абдураҳмонов баъд аз ба итмом расидани давраи маҳкумияти худ аз зиндон озод шудааст.
Илҳом Маҳмудов, як масъули ин идора рӯзи душанбеи 24 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Абдураҳмонов аз маҳбасхонаи шумораи 4 шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз озод шудааст.
Оқои Маҳмудов мегӯяд: "Тибқи афви соли 2011 муҳлати эъломшуда ба оқои Абдураҳмонов ҳудуди чаҳор сол коҳиш ёфт ва имрӯз тибқи муқаррарот, баъд аз анҷоми муҳлати боқимондаи маҳкумият дар зиндон вай озод шуд."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳуқуқдонҳо озодии оқои Абдураҳмоновро ба суҳбатҳои ахири вай бо Иван Шимонович, ёвари Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили ҳуқуқи башар рабт медиҳанд, аммо оқои Маҳмудов ин иттилоъро бепоя хонд.
Гуфта мешавад, ки оқои Шимонович дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо шумори андаке аз зиндониён суҳбат кардааст ки оқои Абдураҳмонов аз ҷумлаи яке аз онҳо будааст.
Он замон бисёре аз ҳуқуқдонҳо аз вай ба унвони "зиндонии сиёсӣ" ном мебурданд, вале мақомоти зидахли тоҷик мегуфтанд, ки дар муассисоти бастаи Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ набудаанд.
Сироҷиддин Абдураҳмоновро, ки давлат ӯро аз раҳбарони салафиҳо дар Тоҷикистон мехонад, дар авосисти соли 2009 аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар яке аз масоҷид дар маҳаллаи Зарафшон, дар ғарби шаҳри Душанбе, боздошт шуда буд.
Додситонӣ ӯро аз рӯйи моддаи 189-и қонуни кайфарӣ ба "барангехтани адовати диниву нажодӣ" муттаҳам карда буд.
Сипас додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 2010 оқои Абдураҳмоновро ба ин иттиҳом муҷрим шинохт ва барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.
Он замон додгоҳ ҳамроҳ бо оқои Абдураҳмонов, ки бештар бо лақабҳои Мулло Сироҷиддин ё Эшони Сироҷиддин дар Тоҷикистон маъруф аст, Икромиддин Абдураҳмонов, писари ҷавони вай ва панҷ нафари дигар аз пайравони равияи Салафияро аз шаш то ҳафт сол маҳкум ба ҳабс карда буд.
Аммо тавре, ки имрӯз оқои Маҳмудов гуфт, муҳлати ҳабси ҳамаи ин афрод тамомо шуда ва то ҳол онҳо аз зиндонҳо озод шудаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 бо дархости додситонӣ ҷараёни Салафияро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард ва моқомоти Тоҷикистон Салафияро як ҷараёни ифротгаро ва тундрав медонанд.
Аз он замон то ҳол додгоҳҳо даҳҳо нафар аз пайравони ин ҷараёнро ба муҳлатҳои мухталиф маҳкум карда ва ҳоло ин афрод дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.
