Додгоҳ пулисро барои эъмоли шиканҷа маҳкум ба ҳабс кард

  • 29 Август, 2013
Шаҳри Қурғонтеппа
Image caption Тибқи иттилоъи додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, Нусрат Ёдгоров, масъули пулиси шаҳри Сарбанд тибқи моддаи 143 қонуни кайфарии Тоҷикистон маҳкум шудааст

Як корманди пулис дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар эъмоли шиканҷаи муқассир дониста шуда ва равонаи зиндон шудааст.

Тибқи иттилоъи додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, Нусрат Ёдгорови 27-сола, масъули пулиси шаҳри Сарбанд тибқи моддаи 143 қонуни кайфарии Тоҷикистон маҳкум шуда ва қозии додгоҳ ӯро барои шиканҷа муҷрим донист ва барои ду солу 5 моҳ аз озодӣ маҳкум кардааст.

Тавре, ки масъулони додгоҳ, рӯзи панҷшанбеи 29 август гуфтаанд, ҳамчунин тибқи ҳукми қозии ин додгоҳ ин корманди қаблии пулис дар зиндони бо низоми сангин нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Тавре ки дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, Нусрат Ёдгоров дар зӯроварӣ дар қиболи Ҷӯрабек Сатторови 37-сола, сокини шаҳри Сарбанд, муқассир шудааст.

Додситони ин парванда гуфта буд, ки оқои Ёдгоров ин мардро бо гумони даст доштан дар сирқат боздошт карда ва дар бинои идораи пулиси шаҳри Сарбанд дар муддати ҳафт соъат гурусна нигоҳ доштаааст.

Афзун бар он ин пулис оқои Сатторовро лату кӯб кардааст, ки дар натиҷа ба саломати ӯ осеб расидааст.

Ин нахустин бор нест, ки дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, корманди ниҳодҳои интизомӣ барои даст доштан дар эъмоли шиканҷа муттаҳам ва маҳкум мешаванд.

Дар соли 2012 Машраб Алиев, корманди пулиси минтақавии ноҳияи Ёвони ин вилоят, Хушвақти Маҳмадсаид, сокини 16- солаи ин ноҳияро боздошт карда ва дар ҷараёни бозпурсии ӯ ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз шиканҷа истифода бурдааст.

Волидони ин ноболиғ гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин зӯроварӣ ноболиғ баъди бозгашт аз пулис талош ба худкушӣ кардааст.

Парвандаи ҷиноии Машраб Алиев бо дархости ӯ барои баррасии дубора аз додгоҳи ноҳияи Ёвон ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ мавориди муҷозот шудани кормандони пулис барои эъмоли шиканҷа афзоиш ёфта ва ба гуфтаи онҳо ин омил метавонад то андозае аз даст задани кормандони интизомӣ ба зӯроварӣ ҷилавгирӣ кунад.

Дар баҳори соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукм карда буд, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, ки ду сол қабл дар асари шиканҷаи пулис дар боздоштгоҳ ҷон дода буд, беш аз 46 ҳазор сомонӣ ғаромат бипардозад.

Матолиби муртабит