Раиси зиндони муттаҳам ба шиканҷа аз симаташ барканор шуд

Раиси зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, ки бисёре ӯро ба озору азияти маҳбусон муттаҳам мекунанд, ҳамроҳ бо муъовинаш аз симати хеш барканор шудааст.
Як масъули Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки барканории Рустам Тоштемуров ва муъовини ӯ дар чорчӯби тағйироти кодрии ин ниҳод сурат мегирад.
Илҳомҷон Маҳмудов, муъовини раиси ин идора, рӯзи чаҳоршанбеи 28 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки Рустам Тоштемуров раиси муассисаи вижаи бастаи шумораи 3\7-и шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Вай афзуд, ки тағйироти кодрӣ, ки рӯзи гузашта бо тасмими Иззатулло Шарифов, раиси Идораи умури зиндонҳо, анҷом шуд, тамоми муассисоти баста дар саросари Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, пайвандони Ҳамза Икромзода, яке аз маҳбусони кушташуда дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, раҳбари собиқи ин зиндонро ба даст доштан дар қатли Ҳамза муттаҳам кардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки муҷозоти Рустам Тоштемуров ва Музаффар Раҳимов, яке дигар аз кормандони ин муассисаро аз мақомоти зирабт тақозо хоҳанд кард.
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, ки дар маҳалле наздик ба иқоматгоҳи раиси ҷумҳур воқеъ аст, ба таври мармуз кушта шуд. Пизишки зиндон марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ арзёбӣ кард.
Аммо падар ва модари ӯ иддаъо карданд, ки фарзандашон бар асари шиканҷа кушта шуда ва иддае аз зиндониён ин иддаъоро таъйид кардаанд.
Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, рӯзи чаҳоршабеи 28 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳарчанд қарор буд, ки таҳқиқи ин парванда идома ёбад, вале чандин муддат боз касе аз масъулони додситонӣ бо онҳо дар тамос нестанд.
Аммо оқои Икромов мегӯяд, ки Рустам Тоштемуровро муқассири аслии марги писараш медонад, ки бояд муҷозот шавад: "Агар расонаҳо ин қазияро дунбол намекарданд ва аз бадани хушунатдидаи писарам аксбардорӣ намекарданду дар мавриди он наменавиштанд, масъулони зиндон ин воқеъаро ҳамчунон худкушӣ муъаррифӣ мекарданд."
Аммо масъулони Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон даст доштани масъулони зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода такзиб карда ва ин ҳодисаро худкушӣ муъаррифӣ мекунанд.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон додгоҳе Маҳмуд Исмоъилов, яке аз кормандони зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо бар асоси моддаи 316-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, ба ҷурми сӯиистифода аз мансаб барои панҷ сол равонаи зиндон кард.
Аммо хешовандони оқои Исмоъилов мегӯянд, ки додгоҳи ӯ ғайримунсифона будааст.
