Тақозои эътилофи "Барои демукросӣ" дар мавриди муҳокимаи Тошев ва Ризоев

Эътилофи “Барои Демукросӣ ва Ҷомеъаи Шаҳрвандӣ” ба порлумон, Шӯрои адлия, Омбудсмен ва Додситонии олии Тоҷикистон аз додгоҳ, масъулони додситонӣ ва бахши вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд шикоят кардаанд.
Ин эътилоф зимни ироаи номаи худ ба ин мақомот тақозои баргузории муҳокимаи додгоҳии Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду зиндонии муттаҳам дар талоши барҳам додани назм дар зиндон ва тақаллуби асноди шиканҷаро, дар толори додгоҳ карданд.
Муҳокимаи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев рӯзи 25-уми июл дар сохтмони додситонии шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Ин эътилоф ҳамчунин хостааст, ки барои таҳқиқи шаффоф ва одилонаи ин парванда шароити мусоид фароҳам шавад.
Ҳамчунин Эътилофи “Барои Демукросӣ ва Ҷомеъаи Шаҳрвандӣ” дар номааш аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карда, ки рафтори гурӯҳе аз кормандони додситонӣ ва вазорати кишвар нисбат ба Маҳмурод Одинвае, падари яке аз зиндониёни мавриди муҳокима, баррасӣ шавад.
Зеро ба гуфтаи оқои Одинаев ӯро кормандони додситонии вижаи Суғд рӯзи ҷумъа 26-уми июл ба сурати ғайриқонунӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт ва дар ҷараёни бозпурсӣ шиканҷа карданд. Ӯ ба расонаҳо гуфт, ки дар ҷараёни чаҳору ним соъати боздошташ масъулони интизомӣ мехостанд, ки ӯ ба нафъи онҳо баёноти лозим бидиҳад.
Би-би-сӣ натавонистааст таъйид ё такзиби ин иддаъоро аз мақомоти зирабти Суғд дарёфт кунад.
Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду маҳбус, ки соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд, ба додани "гувоҳии бардурӯғ" ва "номураттаб сохтани фаъъолияти муассисаи ислоҳӣ" муттаҳам шудаанд.
Видиюи шиканҷаи шаш зиндонӣ, ки оқоён Ризоев ва Тошев ҳам аз ҷумлаи онон ҳастанд, дар авохири соли милодии гузашта дар сойти Ютюб мунташир шуд. Дар ин видию, ки тавассути телефуни ҳамроҳ сабт шудааст, шаш зиндонӣ андомҳои зарбхӯрдаи худро ба намоиш гузошта ва муддаъӣ шуда буданд, ки онҳо мавриди лату кӯби кормандони зиндон қарор гирифтаанд.
Ин зиндониён дар соли гузашта дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе дар асари шиканҷа, алайҳи зиндонбонҳо шаҳодат дода буданд.
Аммо қабл аз оғози муҳокимаи додгоҳии ин парванда, онҳо ба зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд. Қозии парвандаи марги Икромзода дархостҳои мукаррари пайвандони ӯро барои даъвати ин ду зиндонӣ ба додгоҳ ба унвони шоҳид радд карда буд.
