Даъвати маҳбуси 'хуҷандӣ' ба гуруснанишинии навбатӣ

Садриддин Тошев, яке аз маҳбусони дахил дар парвандаи марбут ба шиканҷа дар зиндонҳо, аз зиндониён даъват карда ба унвони эътироз алайҳи озору шиканҷа дар Тоҷикистон даст ба гуруснанишинӣ зананд.
Дар ин бора Маҳмуроди Одина, масъули Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи марбут ба эътилоф Барои Демукросӣ ва Ҷомеъаи Шаҳрвандӣ ба Би-би-сӣ гуфт.
Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Тошев низ ин хабарро дар сафҳаи Фейсбуки худ таъйид карда ва навиштааст, ки Садриддин Тошев даъват кардааст, ки рӯзи 21-уми сентябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи мубориза бо шиканҷа шинохта шавад.
Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду зиндонӣ дар соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд ва ҳоло бо иттиҳоми “додани гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъъолияти муасисаи ислоҳӣ” дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳокима мешаванд.
Қарор буд ин зиндониён дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар зиндоне дар Душанбе ҷон дод, алайҳи маъмурони зиндон мабнӣ бар даст доштанашон дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода шаҳодат бидиҳанд.
Аммо онҳо аз Душанбе ба боздоштгоҳи вилояти Суғд мунтақил шуда ва дертар гузоришҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар боздоштгоҳи Хуҷанд интишор ёфт. Дар ин навор гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.
Додситонӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳи маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани зиндонбонҳо чунин наворҳоро таҳия ва бо иддаъоҳои “дурӯғин” дар вебсойтҳо ҷо додаанд.
Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоев рӯзи панҷшанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҷараёни ҷаласаи ахири додгоҳӣ дар Хуҷанд Илҳом Рустамов, зиндонӣ ва яке аз шоҳидони ин парванда гуфтаст, ки лату кӯби маҳбусон дар ҳузури Иззатуллоҳ Шарипов, раиси бахши муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва бо фармони ӯ сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳудуди се моҳ қабл волидон ва пайвандони 320 нафар аз зиндониёни тоҷик зимни иншои номае унвонии раиси ҷумҳурӣ, ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба далели шиканҷа шудани пайвандонашон дар муассисоти баста тақозо карданд, Иззатуллоҳ Шарипов, раиси бахши муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистонро аз кор барканор кунад.
Бархе аз волидайн аз он ки фарзандонашон дар зиндон аз сӯйи масъулон мавриди таҷовуз қарор мегиранд шикоят мекунанд.
Тоҷикистон пайваста барои вуҷуди шиканҷаву озор дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳояш мавриди интиқодҳои шадиди созмонҳои байналмилаллӣ қарор гирифта ва гуфта мешавад дар ин кишвар афроди муқассир дар марги зиндониён ва боздоштшудагон беҷазо мемонанд.
Афви Байналмиллал дар гузорише бо номи “Бозгашт ба шиканҷа дар Осиёи Миёна” навишта буд, ки “Дар ду даҳаи ахир ҳазорҳо нафар дар ин минтақа шикоят кардаанд, ки онҳо ба сурати ғайриқонунӣ боздошт шуда ва барои эътироф, ё ришваситонӣ аз хешовандонашон мавриди шиканҷаву озор қарор гирифтаанд.”
Дар соли гузашта ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон банди ҷудогонае дар бораи шиканҷа изофа шуд ва пас аз ин, кишвар шоҳиди муҷозоти якчанд маъмури интизомӣ барои даст доштан дар шиканҷа шуд.
Пайвандони ду зиндониёне, ки дар ҳоли ҳозир дар Хуҷанд муҳокима мешаванд мегӯянд, ки бим аз ҳамин банди қонун, зиндонбонҳоро маҷбур сохта, то хатари муҷозот шуданашонро бо пешниҳоди “айбномае ғайриқонунӣ” алайҳи Садриддин Тошев ва Суннатоулло Ризоев, муддаъиёни шиканҷа рафъ кунанд.
